Сафорати ИМА қабули дархостҳо аз рўзноманигорони Тоҷикистон барои иштирок дар сафарҳои хабарнигорӣ ва сафарҳои шиносоӣ ба ИМА эълон менамояд

Душанбе, Тоҷикистон, 3 январи соли 2020 – Сафорати Амрико дар Душанбе оғози қабули дархостҳо аз рӯзноманигорони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ барои иштирок дар сафарҳои хабарнигорӣ ва сафарҳои шиносоӣ ба ИМА дар соли 2020 эълон менамояд. Дар ҳамкорӣ бо Маркази матбуоти хориҷии Департаменти давлатии ИМА, Сафорати ИМА нақша дорад, ки дар соли 2020 сафарҳои хабарнигориро дар мавзӯҳои зерин баргузор кунад: «Тандурустии ҷамъиятӣ», «Тиҷорат ва сармоягузориҳо», «Масъалаҳои экологӣ», «Интихобот дар ИМА» ва «Иштироки занҳо дар ҳукумат». Рӯзноманигорони Тоҷикистон тақрибан дар муддати 7-10 рӯз ба Иёлоти Муттаҳида сафар мекунанд ва дар якҷоягӣ бо ҳамтоёнашон аз Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон имкон пайдо мекунанд, ки бо коршиносони соҳаҳои марбута мусоҳиба гузаронанд, ба ҷойҳо ва чорабиниҳои марбут ба мавзӯъҳои сафари хабарнигорӣ ташриф оранд.

Сафарҳои хабарнигории Маркази матбуоти хориҷӣ барои рӯзноманигороне ташкил карда мешавад, ки дар нашрияҳои чопӣ, радио, телевизион ва ё интернет фаъолият мекунанд, дорои таҷрибаи 3–7-сола дар шарҳи масъалаҳои марбут ба мавзӯҳои сафари хабарнигорӣ мебошанд. Довталабон бояд рӯзноманигорони сатҳи корӣ бошанд, мунтазам мақолаҳо ва ё дигар маводи хабарӣ таҳия мекарда бошанд. Муҳаррирон ва ё роҳбарони нашрияҳо ба ин рўйхат дохил намешаванд. Довталабон бояд қобилияти мустақилона кор карданро (бо кӯмаки маҳдуд) дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дошта бошанд.

Ғайр аз ин, Сафорати ИМА нақша дорад, ки барои рӯзноманигорон, роҳбарон ва муҳаррирони расонаҳои хабарӣ ва ҳамчунин барои устодони журналистика сафари шиносоӣ дар мавзӯъҳои зерин ташкил кунад: «Технологияҳои муосир дар шўъбаи хабарҳо», «Таҳсили донишгоҳӣ барои рӯзноманигорон», «Кор бо дафтарҳои матбуотӣ» ва «Идоракунии манбаъҳои иттилоот». Сафарҳои шиносоӣ инчунин 7-10 рӯз давом мекунанд ва дар онҳо таваҷҷўҳи асосӣ ба сайқал додани малакаву маҳорати иштирокчиён равона мегардад. Илова бар ин, иштирокчиён дар рафти сафари шиносоӣ бо коршиносони соҳаҳои марбута мусоҳиба мегузаронанд, ба агентиҳои хабарӣ ва донишгоҳҳои амрикоӣ ташриф меоранд.

Дархостҳо (DOC – 375 KB) бояд то 22-юми январ ба суроғаи USAExchangesDushanbe@State.gov ирсол карда шаванд. Дархост бояд бо забони англисӣ пур карда шавад.