10 сентябри соли 2021, Нур-Султон, Қазоқистон – Аз 10 то 12 сентябри соли 2021, бештар аз 150 мутахассиси расонаӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар медиафестивали сеюми ҳарсола ҷамъ омаданд, ки аз ҷониби Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP ташкил карда шудааст. Барномаи мазкур аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ карда мешавад. Онлайн-фестивали MediaCAMP Fest ба рӯзноманигорони маҳаллӣ имкон медиҳад, ки идеяҳои худро мубодила намуда, масъалаҳо ва мушкилоти муҳимтаринеро муҳокима кунанд, ки расонаҳои минтақа бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд.
“Дар тӯли тақрибан се даҳсола, ИМА рушди воситаҳои ахбори оммаро дар Осиёи Марказӣ дастгирӣ мекунад. Ин дастгирӣ аҳамияти рушди воситаҳои ахбори оммаи устувор ва дастрасӣ ба иттилоотро таъкид менамояд. Аз ҷумла, ИМА талош менамояд, ки сатҳи саводи расонаии истеъмолкунандагони иттилоотро баланд бардорад ва ҳамчунин ба афзоиши касбият (профессионализм) дар журналистика мусоидат намояд”, – гуфт Питер Янг, иҷрокунандаи вазифаи Директори миссияи минтақавии USAID дар Осиёи Марказӣ.
Барнома snap talk, лексияҳо, муҳокимаҳо, семинарҳо ва намоиши филмҳоро дар мавзӯъҳои мухталифи ВАО дар бар мегирад. Медиафестивали Осиёи Марказӣ дар бораи баъзе аз лоиҳаҳои расонаӣ ва ташаббусҳои таъсирбахш оид ба баланд бардоштани сатҳи саводи расонаӣ дар минтақа дар соли 2021 нақл мекунад. Рӯзноманигорони маъруфи минтақа мастер-классҳои амалӣ оид ба журналистикаи додаҳо (журналистика данных), подкастҳо, ҷалби мухотабон ва эҷоди YouTube-каналҳоро баргузор менамоянд. Ғайр аз ин, силсилаи параллелии мастер-классҳо ба саводи расонаӣ бахшида шудааст.
Роҳбари намояндагии Internews дар Осиёи Марказӣ Марат Бигалиев дар маросими ифтитоҳи фестивал баромад намуда, изҳор дошт: “Имсол шиори фестивал – “Истеҳсоли Осиё” аст. Мо мехостем лоиҳаҳои расонаиро аз Осиёи Марказӣ ҷудо намуда, арзиши кори рӯзноманигоронро таъкид намоем. Онҳо барномаи рӯзро ташкил медиҳанд, дар муайян ва ҳал намудани мушкилоти муҳими ҷомеа кӯмак мекунанд. Мо мехоҳем қавитарин лоиҳаҳои минтақаи худро намоиш диҳем”.
Фестивали Осиёи Марказӣ MediaCAMP Fest дар 12-уми сентябр бо маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни журналистии MediaCAMP Awards ба охир мерасад. Барои иштирок дар озмун 646 дархост пешниҳод шуда, 74 кор ба финал дар панҷ номинатсия интихоб карда шуданд. Дар тӯли фестивал ҳакамони минтақавӣ ғолибонро интихоб мекунанд. Ғолиби категорияи шашуми махсус «Замони тасвир аз наздик: акс, карикатураҳо, ороишҳо» (Время крупным планом: фото, карикатуры, иллюстрации)-ро мухотабон тавассути овоздиҳии онлайн дар сайти фестивал интихоб мекунанд.
###
Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP аз ҷониби Internews бо маблағгузории USAID амалӣ карда мешавад. Барнома ба рушди муҳити мутавозуни иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст, ки ба ҷавонон ва аҳолии бештар калонсол ҷиҳати ошкор будан барои мубодилаи идеяҳо, фикру ақидаҳо ва нуқтаи назарҳои гуногун, инчунин ҷалби шумораи ҳар чӣ бештари шаҳрвандон ба ҳаёти ҷомеа кӯмак менамояд. USAID идораи пешбари байналмилалии рушд ва катализатор барои расидан ба рушди устувор мебошад. Иттилооти бештар дар сайти USAID дар Осиёи Марказӣ ва саҳифаи USAID дар Осиёи Марказӣ дар Facebook.