Аввалин конфронси онлайнии хатмкардагони Барномаи Access

Аввалин конфронси онлайнии хатмкардагони Барномаи дастмузди хурди дастрасӣ ба омӯзиши забони англисӣ “Access”, аз ҷониби Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Забондон” аз 21-уми ноябр кори худро оғоз менамояд. Конфронси дурӯзаи онлайнӣ  барои ду гурӯҳи хатмкунандагони барномаи Access, ташкил карда мешавад. Дар рафти конфронс, онҳо дар бораи имкониятҳои гирифтани грантҳо, чӣ гуна навиштани лоиҳаҳои бомуваффақияти грантӣ омӯзиш мегузаранд, дар озмуни беҳтарин пешниҳоди грантӣ ширкат меварзанд ва ҳатто барои татбиқи лоиҳаҳои худ гранти хурд мегиранд.

Конфронс тавассути платформаи Zoom гузаронида мешавад ва хатмкунандагони барномаи  Access аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон метавонанд дар он иштирок намоянд. Ин конфронси онлайнӣ ба хатмкардагони барномаи Access дар Тоҷикистон имконият медиҳад, ки дониш ва малакаҳои худро такмил диҳанд, як қисми фаъоли ҷомеаи худ гарданд ва дар рушду такомули кишварашон саҳм гузоранд. Ғолибони озмуни пешниҳоди беҳтарини грантӣ метавонанд пас аз баргузории конфронс ба татбиқи лоиҳаҳои худ шурӯъ намоянд.


Маълумоти бештар дар бораи конфронс ва дархост барои сабти ном дар инҷо: (PDF 186 KB)