Барои интишори фаврӣ
МАЪЛУМОТ БАРОИ ВАО
1 июли соли 2021
Санаи 1-уми июл Департаменти давлатӣ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва ҳайати ҳукумати Тоҷикистонро, барои гузаронидани ҳаштумин машваратҳои дуҷониба байни ИМА ва Тоҷикистон, ки пас аз 30 соли шарикии дуҷонибаи ИМА ва Тоҷикистон баргузор гардиданд, ба ҳузур пазируфт.
Ҳайати Иёлоти Муттаҳида, таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи Ёрдамчии котиби давлатии ИМА оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Дин Томпсон, садоқати Иёлоти Муттаҳидаро барои истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва гул-гулшукуфии Тоҷикистон тасдиқ намуда, ҳадафи муштараки моро дар ҳалли одилона ва пойдори вазъи Афғонистон эътироф намуд. Ҷонибҳо масъалаҳои амният, ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон, энергетика ва иқтисодро баррасӣ намуданд. Иштирокчиён ӯҳдадориҳои кишварҳояшонро оид ба муқовиммати муштарак ба таҳдидҳои минтақавии амният, ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм ва баланд бардоштани сатҳи касбии хадамоти амният тасдиқ намуданд. Шахсони расмӣ имкониятҳоро барои расидан ба ҳадафҳои умумӣ оид ба густариши озодии дин ва мубориза бо хариду фуруши одамон баррасӣ намуданд. Ҳайатҳо инчунин ташабусҳои муштаракро барои тавсеаи робитаҳои минтақавӣ ва баланд бардоштани имконоти тиҷоратӣ ва сармоягузории дуҷониба муҳокима намуданд.