Тамоми донишҷӯёни макотиби олӣ ва касбиро барои иштирок дар озмуни дуруст талаффуз кардани калимаҳои англисӣ таҳти унвони «2017 TAJIKISTAN SPELLING BEE» даъват менамоем.
Озмуни «Spelling bee» – ин имконияти хуб барои санҷидани дониши худ дар имлои калимаҳои англисӣ, инчунин соҳиби туҳфаи арзанда гаштан.
Давраҳои озмун:
Марҳилаи якум: Давраи интихобии вилоятӣ (Regional Spelling Bee) – даври якум дар гӯшаҳои Амрикоии ҷумҳурӣ моҳи апрели соли ҷорӣ баргузор мегардад.
Марҳилаи дуввум: Давраи ниҳоии умумиҷумҳуриявӣ (National Spelling Bee) – дар ин давр се нафар ғолибони давраи интихобии вилоятӣ аз ҳар як гӯшаи Амрико иштирок хоҳанд кард. Даври мазкур дар ш. Душанбе баргузор мегардад.
Шартҳои озмун:
· Иштирокчӣ бояд шаҳрванди Ҷумхурии Тоҷикистон бошад;
· Иштирокчӣ бояд донишҷӯи донишгоҳи олӣ ва ё касбӣ бошад.
Иштирокчие, ки бештар калимаҳои англисиро ҳарф ба ҳарф дуруст талаффуз мекунад, ғолиби озмун мегардад!
Барои гирифтани маълумоти муффассал оид ба иштирок дар озмун метавонед бо назиктарин гӯшаи Амрико дар тамос шавед.
Шитобед, то аз иштирок дар нахустин озмуни ҷумҳуриявии «Spelling bee» баҳра гиред ва соҳиби ШОҲҶОИЗА гардед!
Раванди бақайдгирӣ дар озмун ва иштирок дар он бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба таври ройгон сурат мегирад.
Руйхати гӯшаҳои Амрико дар Тоҷикистон:
Гӯшаи Амрико дар Душанбе
(https://www.facebook.com/American-Corner-Dushanbe-Tajikistan-140908235957062/)
кӯчаи Толстой 66
Суроғаи эл.: acdushanbe@gmail.com
Масъул: Нисо Муборакшоева
Гӯшаи Амрико дар Хуҷанд
(https://www.facebook.com/AmericanCornerKhujand/)
Китобхонаи вилоятӣ оммавии ба номи Асирӣ
кӯчаи Ленин 1
Суроғаи эл.: ackhujand@gmail.com
Масъул: Мадина Пулатова
Гӯшаи Амрико дар Исфара
(https://www.facebook.com/American-Corner-Isfara-168816630139996/)
Мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ рақами 2
кӯчаи Саидон 1
Суроғаи эл.: acisfara@gmail.com
Масъул: Зулфиқор Абдуҳамидов
Гӯшаи Амрико дар Кулоб
(https://www.facebook.com/American-Corner-in-Kulob-118741361478534/)
Филиали донишгоҳи технологии Кулоб
кӯчаи Борбад, микрорайони 9
Суроғаи эл.: acornerkulob@gmail.com
Масъул: Абдулҳамид Шарипов
Гӯшаи Амрико дар Хоруғ
(https://www.facebook.com/American-Corner-Khorog-114805435227172/)
Бинои Тоҷиктелеком дар ш. Хоруғ, ошёнаи 3
кӯчаи Ленин 53
Суроғаи эл.: ackhorog@gmail.com
Масъул: Шероз Наимов
Гӯшаи Амрико дар Қурғонтеппа
(https://www.facebook.com/AmericanCornerQurghonteppa/)
кӯчаи дӯстии халқҳо
Суроғаи эл.: acqurghon@gmail.com
Масъул: Тоҷиддин Ҳаитов
Гӯшаи Амрико дар Ғарм
(https://www.facebook.com/American-Corner-Gharm-173317856136595/)
кӯчаи Саймуддин Бурҳон 26
Суроғаи эл.: acgharm@gmail.com
Масъул: Равшан Сироҷов
Маркази фарҳангии Амрико дар Панҷакент
Пажуишгоҳи педагогӣ
хиёбони Рӯдакӣ 108
Суроғаи эл.: acpanjakent@gmail.com
Масъул: Нилуфар Иброҳимова