Озмуни санъату ҳунар таҳти унвони «Дӯстии ИМА ва Тоҷикистон»

Эҷодиёти ҳунарии худро то 12-уми январи 2017 ба наздиктарин гушаи Амрико пешниҳод намоед ва соҳиби шоҳҷоизаПЛАНШЕТ (goo.gl/DhecWH) гардед!  #USTAJ25

Моҳи феврали соли 2017, ИМА ва Тоҷикистон 25-умин солгарди муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд. Ба шарофати таҷлили ин ҷашнвора, сафорати ИМА озмуни санъату ҳунарро баргузор менамояд, ки мувофиқи он, ҳар як иштирокчӣ бояд маводи рақамӣ (расм ё навор) ва ғайрирақамии омодашударо (ҳунарҳои дастӣ),бо мафҳуми дӯстии ИМА ва Тоҷикистон пешниҳод намояд. Ғолибони ин озмун ба зиёфати расмӣ, ки ба шарофати 25-солагии муносибатҳои ИМА ва Тоҷикистон аз ҷониби Сафир 10-уми феврали соли 2017 дар ш. Душанбе баргузор мегардад, даъват карда мешаванд.

Таърихи ифтитоҳи озмун 12-уми декабри соли 2016
Муҳлати охирин 12-уми январи соли 2017
Интихоби даври якум 20-уми январи соли 2017
Эълони ғолибон 30-уми январи соли 2017

Хоҳишмандон аз синни 16 боло метавонанд дар озмун иштирок кунанд. Бо супоридани маводи омоданамудаи худ ба наздиктарини гӯшаи Амрико (дар шаҳрҳои Исфара, Хуҷанд, Ғарм, Панҷакент, Душанбе, Қурғон-теппа, Кулоб ва Хоруғ) метавонед дар озмун иштирок кунед. Руйхати гӯшаҳои Амрикоро бо маълумоти муфассал метавонед дар охири саҳифаи эълон пайдо намоед.

Талабот барои иштирок дар озмун:
1. Маводи барои озмун омодашуда бояд мафҳуми дӯстии ИМА ва Тоҷикистонро дарҷ намояд. Он метавонад ба таври мухталиф инъикос ёбад. Бояд қайд намуд, ки эҷодкорӣ дар ин ҷода баланд арзёбӣ мегардад.
2. Мавод бояд аслӣ бошад. Асари пешниҳодшуда бояд эҷоди кори худи иштирокчӣ бошад, на нусхаи муаллифи дигар.
(Дар ҳолати поймол гардидани ҳуқуқи муаллифи дигар, иштирокчии мазкур аз хуқуқи иштирок дар озмун маҳрум мегардад).

Гурӯҳбандӣ:
Пешниҳоди эҷодиёти ҳунарии гуногун дар шаклҳо ва услуби мухталиф қобили қабул аст. Бо вуҷуди ин, маводи рақамӣ ва ғайрирақамӣ дар алоҳидагӣ баҳогузорӣ мегардад.

Андоза ва чаҳорчуба:
Барои расм: расмро метавонед ба андозаи 300px (тарафи дарозтарин) ва сифати акс -72dpi (resolution) пешниҳод намоед. Формати қабулшудаи мавод: jpg, ва png. (Дар ҳолати ғолиб шудан, нусхаи аслӣ бо сифати хубтар дархост карда мешавад)

Барои навор: Лутфан, маводи пешниҳодгардидаро мувофиқи меъёрҳои наворгирӣ бо сифати хуб дар хаҷми на зиёда аз 150 МВ пешниҳод намоед.

Иконияти пешниҳод намудани ҳунари эҷодкорӣ мувофиқи гуруҳбандӣ: иштирокчии озмун метавонанд маводи худро ба як, ё ба ҳар ду гурӯҳ (рақамӣ ё ғайрирақамӣ) пешниҳод намоянд. Танҳо маводи навор (видео) метавонад аз ҷониби гурӯҳ муаррифӣ карда шавад.

Ҷараёни интихоб:
Дар даври якум, тамоми маводи пешниҳодгардида аз рӯи талаботхои муқаррарӣ баҳогузорӣ мегардад. Он бо интихоби чор нафар ғолиб аз ҳар як гӯшаи Амрико анҷом меёбад. Дар даври ниҳоӣ, маводи рақамӣ дар саҳифаи Facebook Сафорат барои баҳогузории умумӣ боргирӣ мешавад. Эҷодиёте, ки сазовори аксар овозҳо мегардад, ғолиб дониста мешавад . Эҷодиёти ғайрирақамӣ аз ҷониби рассомони касбӣ интихоб мегардад.

Мукофот:
Эҷодиёти ғолибони даври ниҳоӣ ҳамчун қисми намоишгоҳи сайёҳӣ дар ҳашт гӯшаи Амрико дар саросари Тоҷикистон намоиш дода мешаванд. Асари эҷодкардаи иштирокчиён ҳангоми зиёфати расмӣ, ки ба шарофати муносибатҳои дипломатии ИМА ва Тоҷикистон баргузор мегардад, ба намоиш гузошта шуда, ғолибон дар ин чорабинӣ сазовори мукофот мегарданд.

Руйхати гӯшаҳои Амрико дар Тоҷикистон:

Гӯшаи Амрико дар Душанбе
(https://www.facebook.com/American-Corner-Dushanbe-Tajikistan-140908235957062/)
кӯчаи Толстой 66
Суроғаи эл.: acdushanbe@gmail.com
Масъул: Нисо Муборакшоева

Гӯшаи Амрико дар Хуҷанд
(https://www.facebook.com/AmericanCornerKhujand/)
Китобхонаи вилоятӣ оммавии ба номи Асирӣ
кӯчаи Ленин 1
Суроғаи эл.: ackhujand@gmail.com
Масъул: Мадина Пулатова

Гӯшаи Амрико дар Исфара
(https://www.facebook.com/American-Corner-Isfara-168816630139996/)
Мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ рақами 2
кӯчаи Саидон 1
Суроғаи эл.: acisfara@gmail.com
Масъул: Зулфиқор Абдуҳамидов

Гӯшаи Амрико дар Кулоб
(https://www.facebook.com/American-Corner-in-Kulob-118741361478534/)
Филиали донишгоҳи технологии Кулоб
кӯчаи Борбад, микрорайони 9
Суроғаи эл.: acornerkulob@gmail.com
Масъул: Абдулҳамид Шарипов

Гӯшаи Амрико дар Хоруғ
(https://www.facebook.com/American-Corner-Khorog-114805435227172/)
Дафтари почта дар ш. Хоруғ, ошёнаи 3
Кӯчаи Ленин 53
Суроғаи эл.: ackhorog@gmail.com
Масъул: Шероз Наимов

Гӯшаи Амрико дар Қурғонтеппа
(https://www.facebook.com/AmericanCornerQurghonteppa/)
Кучаи дӯстии халқҳо
Суроғаи эл.: acqurghon@gmail.com
Масъул: Тоҷиддин Ҳаитов

Гӯшаи Амрико дар Ғарм
(https://www.facebook.com/American-Corner-Gharm-173317856136595/)
кӯчаи Саймуддин Бурҳон 26
Суроғаи эл.: acgharm@gmail.com
Масъул: Равшан Сироҷов

Маркази фарҳангии Амрико дар Панҷакент
Пажуишгоҳи педагогӣ
хиёбони Рӯдакӣ 108
Суроғаи эл.: acpanjakent@gmail.com
Масъул: Нилуфар Иброҳимова