Душанбе, Тоҷикистон, 9 январи соли 2017 – Шӯъбаи равобит бо ҷомеаи Сафорати ИМА даъватеро нисбати супоридани дархост барои иштирок дар барномаи мурабиёни таълими забони англисӣ барои соли 2017 эълон менамояд. Барномаи мазкур чаҳор семинари бисёрӯзаро доир ба тарзи дарсгузаронии забони англисӣ дар ҳамроҳи бо мутахассисони амрикоӣ аз моҳи апрел то декабри соли 2017 дар шаҳри Душанбе мегузаронад. Иштирокчиёни барнома шабакаи муаллимонро барпо мекунанд, ки фикру андешахои худро дар вақти барнома ва баъд аз анчоми он мубодила хоҳанд кард.
Довталабон бояд аз шумули муаллимони забони англисӣ дар мактабҳои ибтидоӣ, миёна ва донишгоҳҳо бошанд, ки хоҳиши мураббӣ будан ва мубодила кардани тачрибаи худро бо дигар муаллимони забони англисӣ доранд.
Довталабони интихобкардашуда барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Дархостро аз вебсайти мазкур метавон дастрас намуд (http://goo.gl/8ehTsh) (PDF 40 KB)) ва ба нишонаи зерин на дертар аз 10 феврали соли 2017 ирсол намуд:
Тахмина Ниязова
Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бахши равобит бо ҷомеа
хиёбони Исмоили Сомонӣ 109 A
ш. Душанбе, Тоҷикистон
Тел.: (992 37) 229 2316, 229 2000, факс: (992 37) 229 2050
Почтаи электронӣ: EnglishProgramsDushanbe@state.gov