Душанбе, Тоҷикистон, 23 октябри соли 2021 – Дар Хуҷанд рӯзи аввали ҷашнвораи “Go Viral Mini-Fest” оғоз ёфт. Ҷашнвораро сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ифтитоҳ кард. Сафир дар суханронии худ гуфт, ки дӯст дорад аз Хуҷанд боздид кунад, зеро фурсат меёбад бо навоварон, фаъолон ва шахсони боистеъдоди маӽаллӣ ӽамсуӽбат шавад.
Ҷаноби сафир меҳмононро пазироӣ намуда таъкид кард, ки барои Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дастгирии аввалин ҷашнвораи “Go Viral” дар Хуҷанд боиси ифтихор аст, чунки дар давоми се рӯз барои фаъолони вилояти Суғд дар соҳаи тиҷорат, ВАО, фарҳанг, технология ва ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаро фароҳам мекунад.
“Мо боварӣ дорем, ки ҷомеаи Хуҷанд ва вилояти Суғд метавонанд як қисми муҳими шабакаи “Go Viral” гарданд. Оғоз аз ӽамин рӯз — аз ӽамин ҷашнвора — мо шуморо даъват мекунем, ки шабакаи “Go Viral”-ро чун замина барои мубодилаи идеяӽо, ҳамкорӣ бо шарикони нав ва иртибот бо ҷаҳон истифода баред”, — изҳор дошт сафир Поммершайм.
Заррина Бабаева, Сафири Go Viral дар Тоҷикистон, меҳмононро хайрамақдам гуфта, баъдан барои ҳамаи иштирокчиёни шабака, ки ба туфайли онҳо Go Viral вуҷуд дорад ва рушд мекунад, кафкубиӽо садо доданд.
Сипас мудири IWPR дар Осиёи Марказӣ Абахон Султоназаров суханронӣ намуда, аз аҳамияти ин лоиҳа барои минтақа ҳарф зад. Ӯ аз, ҷомеаи креативӣ даъват намуд, ки дар доираи шабакаи Go Viral муттаӽид гарданд ва инчунин эълом кард, ки як ҷашнвораи бузурги минтақаӣ дар тобистони соли 2022 баргузор мешавад.
Баъдан ҷаласаи гузоришгарон дар соҳаи тиҷорат ва фанноварӣ оғоз шуд. Бахтиёр Кодиров, мудири Wooppay Tajikistan, дар мавриди 5 дарсе, ки ӯ ӽангоми роӽандозии стартапи “Технология барои ташкилотҳои молиявӣ” (FinTech) азхуд кардааст, суҳбат кард. Дилшод Ниёзов, муассиси IT-ширкати Silk Road Professionals, ӽозиринро барои амалӣ кардани орзуҳояшон ташвиқ намуд. Аъзам Аӽруллоев, офарандаи бренди пойафзоли Azam.tj, дар бораи роҳи касбии худ дар таъсиси ширкати истеҳсоли пойафзол суханронӣ намуд. Ганҷина Азимова, директори “Khujand Grand Hotel” ва тарабхонаи “Умари Хайём” дар бораи истифода аз чандрасонаӣ дар Хуҷанд ҷиӽати таблиғи бренди тиҷоратӣ, ӽарф зад.
Дар идома Адиба Дусматова ва Насиба Мирпочоева намоишгоҳи корҳои SogdArt-ро кушоданд. Ба ҷашнвора онҳо зиёда аз 40 адад ороишот аз санг ва либосӽоро аз 5 нафар зани тарроҳ аз ин студия ба намоиш гузоштанд. SogdArt —стартапи иҷтимоиест, ки барои духтарони маъюб ва заноне, ки ба хушунати хонаводагӣ дучор шудаанд, касбу ӽунар меомузонанд. Адиба ва Насиба дар мавриди раванди таъсиси ташкилоти хеш суханронӣ намуда, дар намоишгоҳ меҳмононро бо маҳсулои кори зердастонашон ошно карданд.
Шомгоҳ мизи гирд баргузор шуд, ки дар рафти он иштирокчиён воқеияти рӯзноманигорӣ дар вилояти Суғдро баррасӣ карданд. Дар ин нишаст коршиносон, аз ҷумла Ҷамшед Марупов, Ҷӯрабой Шавкатович, Илҳом Джамолиён, Фирӯза Мирҷумаева ва модератор Гузал Махкамова ӽузур доштанд.
Рӯзи аввали фестивалро Фирдавс Холназаров ӽусни анҷом бахшид. Навозанда ва сарояндаи ҷавону боистеъдод якчанд оӽанги машҳури тоҷикӣ, инчунин сурудҳои ҷаззобро бо забонӽои тоҷикӣ, русӣ, помирӣ ва ӯзбекӣ сароида, табъи иштирокчиён ва меӽмонони фестивали Go Viral-ро болида намуд.
Рӯзи шанбе ва якшанбе низ барномаӽои зиёди ҷолиб дар ҷашнвоари Go Viral Mini Khujand ба нақша гирифта шуда аст. Дар барномаи рӯзи шанбе баромади рассомон ва тарроӽон, офарандагони китобҳои ҳаҷвӣ ва ҳаҷвнигорон пешбинӣ шуда аст. Барномаи рузи якшанбе шомили воркшоп дар заминаи технологияҳои нав, фаъолиятҳои хонаводагии ҷолиб барои волидон ва кудакон буда, инчунин озмуни дустонаи «Оши палав» миёни ошпазони моӽир аз Панҷакент, Исфара ва Хуҷанд баргузор мешавад.
GoViral ӽамчун ҷашнвораи навоварӣ дар Алмаато дар соли 2017 таъсис ва густариш ёфта, айни замон ба як шабакаи навоварону эъҷодкорон дар бахши тиҷорат, расона, фарҳанг ва фанноварӣ дар байни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ табдил шудааст.
Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ифтихор мекунад, ки аз ибтикори Go Viral ҳимоят мекунад. Тафсилоти бештар ва пахши зинда дар саҳифаи Go Viral дар Инстаграм ва Facebook.