Тоҷикистон таҷлил байналмилалии ҳафтаи таҳсили

open doors logoҲафтаи равон оғози ҷашни “Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ”, ки як ибтикори муштараки Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида ва Вазорати фарҳанги ИМА буда, ба хотири ҷалб намудани пешвоёни оянда аз хориҷи давлат барои таҳсил ва мубодилаи таҷриба дар ИМА пешбинӣ шудааст. Рӯзи душанбе 16 ноябри соли 2015 Сафорати ИМА дар Душанбе дар қатори нӯҳ ташкилоти ғайридавлатӣ дар Маркази исмоилия дар ш. Душанбе намоиши таҳсили байналмилалиро ташкил намуданд, ки дар он Кордори Сафорати ИМА хонум Лесли Ҳэйден ҳафтаи байналмилалии омӯзишро ба унвони як фурсат муаррифӣ намуд, ки барои донишҷӯён тавассути омӯзиши дониш дар сатҳи байналмилалӣ ва шомил шудан дар умури байналмилалӣ имконият фароҳам меорад. Муассисаҳои таълимӣ аз қабили Маркази машваратии таҳсилотӣ (EducationUSA), Шўрои амрикоӣ (ACCELS), Хадамоти мубодилаи академии Олмон (DAAD), Маркази фарҳангии Бактрия, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA), Барномаи Эрасмус+, Маркази Таълимии “Мултикид”, Институти Ҷамъияти Кушода (OSI) ва Донишгоҳи Оғохон дар Британияи Кабир дар ин намоиш иштирок карданд.

Гузориши “Дарҳои кушод” дар мавриди мубодилоти таҳсили байналмилалӣ дар соли 2015 рӯзи 16 ноябр ҳамчун як бахши таҷлили “Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ” нашр шуд. Гузориши мазкур афзоиши теъдоди донишҷӯёни байналмилалиро дар муассисаҳои таълимӣ ва донишгоҳҳои ИМА дар сатҳи баландтарин дар 35 соли охир нишон медиҳад, ки он нишондоди афзоиши даҳ фоизи рекордии 974 926 дар соли таҳсили 2014-2015 мебошад. Чунин афзоиш тасдиқ менамояд, ки ИМА ҳамчун беҳтарин макони соҳиб шудан ба омӯзиши олӣ мебошад. ИМА ҳамасола бештар аз ҳама донишҷӯёни колледжу донишгоҳро аз тамоми ҷаҳон, ки теъдодашон ба 4,5 миллион мерасад, қабул менамояд, ки ин нишондод ду маротиба зиёдтар аз нишондоди Бритониёи Кабир мебошад, ки дар қабули донишҷӯёни байналмилалӣ ҷои дуёмро ишғол менамояд. Дар соли 2014-2015 шумораи донишҷӯёни байналмилалӣ ба донишгоҳҳои ИМА шомилшуда 88 874 нафар аз соли пешин зиёдтар буд.institute logo

Дар гузориши нав маълумот дар бораи Тоҷикистон ҷойгир шудааст, ки мувофиқи он 254 донишҷӯ дар айни ҳол аз Тоҷикистон дар ИМА таҳсил мекунанд, ки ин нишондоди афзоиши 5,9% нисбати соли пешин мебошад. Теъдоди донишҷӯёне, ки ба Тоҷикистон барои таҳсил дар воҳиди донишгоҳӣ дар донишгоҳҳои ватании Иёлоти Муттаҳида 189 фоиз зиёдтар шуда, шумораи умумиашон ба 26 кас расид. Донишҷӯён аз Тоҷикистон дар ИМА асосан дар сатҳи бакалавриат таҳсил менамоянд, аз ҷумла теъдоди донишҷӯёни дар сатҳи магистратура таҳсил мекардагӣ дар соли 2014-2015 – 28%, дар сатҳи бакалавриат – 57%, 9% омӯзиши амалии ихтиёрӣ ва 6% дар барномаҳои омӯзишӣ аз қабили забони англисӣ ва омӯзиши кӯтоҳмуддат ташкил намуд.

Сафорати ИМА дар Душанбе ва шарикони он кӯшиш менамоянд, ки бештар донишҷӯёнро барои таҳсил дар ИМА тавассути барномаҳои мухталиф аз қабили барномаҳои мубодила ва барномаҳое, ки барои рушди дастовардҳои донишҷӯёни тоҷик тавассути шомил шудан ба донишгоҳҳои ИМА бо дастгирии пурраи молиявӣ равона шудаанд, ташвиқ менамояд. Дар поён чанд намунае аз барномаҳои мазкуранд:

  • Барномаи мубодилаи пешвоёни оянда (FLEX) – барномаи яксола барои ҷавонони дар синни 15-17 сола;
  • Барномаи ҷаҳонии мубодилаи донишҷӯён дар сатҳи бакалавриат (UGRAD), ки тавассути он донишҷӯён дар тули як семестри таълимӣ дар донишгоҳҳои Амрико таҳсил мекунанд;
  • Омӯзиш дар барномаи институти тобистонаи ИМА (SUSI) барои донишҷӯён-духтарон, ки хоҳиши омӯзиш дар барномаҳои фишурдаи таълимӣ оиди пешвоӣ дошта бошанд;
  • Барномаи Фулбрайт барои донишҷӯёни хориҷӣ – барномаи дусола барои донишҷӯёне, ки барои таҳсили магистратура дар ИМА кӯшиш менамоянд.

“Мо хеле хурсандем, ки теъдоди зиёди донишҷӯён аз барномаҳои таҳсили байналмилалӣ истифода мебаранд ва мо инчунин талошҳои Вазорати маорифи ИМА-ро низ таҳсин мегӯем ва якҷоя саъю кӯшиш менамоем то теъдоди донишҷӯёни Амрикоиро, ки дар хориҷ таҳсил менамоянд, зиёд намоем” – қайд намуд ёрдамчии Котиби давлатии ИМА оид ба маориф ва фарҳанг Еван Раян. “Имконияти таҳсил дар хориҷро бештар дастрас кардан муҳим аст. Чунин мубодилоти донишҷӯён муносибатро байни ИМА ва дигар давлатҳо боз ҳам қавитар менамояд. Тавассути афзоиши имконияти таҳсил дар хориҷ мо ба ояндаамон маблағгузорӣ мекунем ва барои ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ замина фароҳам меорем”.

“Таҷрибаи байналмилалӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои таҳсили асри 21 мебошад” – қайд намуд президенти ИТБ доктор Аллан Е. Гудман. “Таҳсил дар хориҷ беҳтарин василаест, ки донишҷӯёни сатҳи бакалавриат ва магистратура таҷрибаи байналмилалиро меомӯзанд ва ин барои комёб шудан байни кормандони ҷаҳони имрӯза зарур аст. Таҳсил дар хориҷ донишҷӯёнро барои кор дар сатҳи байнидавлатӣ ва ҳал намудани масъалаҳои асосии умумӣ, ки мо имрӯз дучор мешавем, омода месозад.”

Гузориши “Дарҳои кушод”® ҳамасола аз ҷониби Институти таҳсили байналмилалӣ дар ҳамкори бо Идораи таҳсил ва фарҳанги Департаменти давлатии ИМА нашр мешавад.

# # #

“Дарҳои кушод” аз ҷониби Институти таҳсили байналмилалӣ нашр мешавад, ки он ташкилоти мустақили гайритиҷоратӣ мебошад ва беш аз 19 дафтари корӣ ва бахшҳо дошта, беш аз 1400 муассиса аъзо он мебошанд. ИТБ барномаҳои таҳсилу омӯзиши донишҷӯён, мутахассисони таҳсил, мутахассисони ҷавон ва шунавандагон аз ҳамаи бахшҳо тавассути маблағгузорӣ аз ҷониби созмонҳои давлатӣ, бунёду корпоратсияҳо таҳия ва татбиқ менамояд. ИТБ аз рӯзи таъсис ёфтанаш соли 1919 дар ИМА ҳамасола тадқиқот дар барои донишҷӯёни байналмилалӣ ва аз соли 1972 онро дар ҳамкорӣ бо Идораи маориф ва фарҳанги Департаменти давлатии ИМА мегузаронад. “Дарҳои кушод” инчунин дар мавриди баъзе олимони байналмилалӣ дар донишгоҳҳои ИМА; донишҷӯёни байналмилалии шомили барномаҳои фишурдаи забони англисӣ; донишҷӯёни ИМА, ки дар хориҷ таҳсил менамоянд, гузориш тайёр мекунад. Маълумоти бештар дар мавриди гузориши “Дарҳои кушод” барои соли 2015 ва тадқиқоти он метавон аз сомонаи “Дарҳои кушод” www.iie.org/opendoors пайдо намуд ва гузориши мукаммали, ки беш аз 100 саҳифа иборат аст, метавон аз қисми IIE Books дар сомонаи www.iiebooks.org ба маблағи 79,95 доллари ИМА фармоиш кард.

Идораи маориф ва фарҳанги Департаменти давлатии ИМА барномаҳои академӣ, ихтисосӣ ва мубодилаи фарҳангиро пеш мебарад. Дар доираи барномаҳои мазкур ҳамасола тақрибан 50 000 нафар иштирок мекунанд, аз ҷумла дар барномаҳои Фулбрайт, Барномаи майналмилалии мудирияти боздидкунандагон, ки бо мақсади рушди ҳусни тафоҳум ва эҳтиром байни ИМА ва халқҳои давлатҳои дигар ба роҳ монда шудаанд. Идораи маориф ва фарҳанг инчунин барномаҳои Бенҷамин А. Гилман, ки барои донишомӯзони ИМА, ки мӯҳтоҷи кӯмаки молиявӣ мебошанд, Барномаи идрорпулӣ барои омӯзиши забонҳои муҳим, ки беш аз 400 маркази маслиҳатдиҳӣ дар саросари ҷаҳон дорад ва барои донишҷӯёне, ки нияти таҳсил дар ИМА доранд, маълумоти зарури пешниҳод менамояд, дастгирӣ менамояд. Барои маълумоти муфассал дар бораи чорабиниҳои мубодилаи таҳсилӣ ва фарҳангии Департаменти давлатӣ аз сомонаи www.exchanges.state.gov истифода баред.