Намояндагони ҳайати роҳбарикунандаи милитсияи Тоҷикистон усулҳои ҳифзи тартиботи ҳуқуқиро дар ҳамкорӣ бо ҷомеа дар ИМА меомӯзанд

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида сафари омӯзишии панҷрӯзаро дар ИМА барои ҳафт нафар иштирокчиён аз қабили ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маблағгузорӣ намуд. Ҳайати мазкурро сардори шӯъбаи ҳифзи бехатарии ҷамъиятии ВКД, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия ва сардорони шӯъбаҳои милитсияи минтақавӣ ва ноҳиявӣ муаррифӣ намуданд. Омӯзиши мазкур, ки сафари иштирокчиёнро ба шаҳрҳои Вашингтон, округи Колумбия ва Бостони иёлоти Массачусетс дар бар гирифт буд, ба Тоҷикистон дар марҳилаи гузариш аз усулҳои анъанавии ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ба усулҳои пешгирикунанда, ки ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа равона шудаанд, мусоидат хоҳад кард. Ҳангоми сафарашон дар ИМА, иштирокчиён дар бораи нишон додани вокуниш нисбат ба зуроварӣ дар оила, ифротгароии хушунатомез ва радикализатсия, ва баробарҳуқуқии ҷинсӣ дар рафти ба кор қабул кардани шаҳрвандон дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дастури муносиб гирифтанд.

Дар Вашингтон ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони расмӣ аз Идораи байналмиллалии назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (INL), Идораи муҳориба бар зидди терроризм (CT), Вазорати адлияи ИМА, Вазорати бехатарии миллии ИМА, Дафтари полиси минтақавии Чарлз ва академияи агентии федералии тафтишотӣ вохӯрданд. Роҳбарони милитсияи Тоҷикистон роҳҳои нави мубориза алайҳи ифротгароии хушунатомез ва густариш додани ҷомеаи устуворро мушоҳида намуда, стратегияи миллӣ оид ба коҳиш додани зӯроварӣ дар оиларо аз худ намуданд. Ҳангоми вохӯрӣ бо муовини ёвари Котиби давлатӣ Ҷеймс Волш, иштирокчиён миннатдории худро ба ҳукумати ИМА барои дастгирӣ иброз намуда, муваззаф шуданд, ки донишу малака ва таҷрибаи аз худ кардаро ба нафъи фаъолияти милитсияи Тоҷикистон истифода намоянд.

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим гирифтааст, ки сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомотҳои адлияи Тоҷикистонро дар оянда низ дастгирӣ намуда, ҳамкории худро бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти шаҳрвандони он идома хоҳад дод. Аз соли 1992 то ин ҷониб мардуми Амрико маблағи беш аз 1 миллиард доллари амрикоиро тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудааст.