Бароям боиси хушҳолист, ки ба таманниёти Президент Обама дар изҳори бахту саодат, тани сиҳат ва Наврӯзи пурфайзу баракат ба ҳамаи дӯстонамон, ки дар саросари ҷаҳон онро ҷашн мегиранд, шомилам. Мо, мардуми Амрико, дар якҷоягӣ бо ҷомеаҳои мухталифи Иёлоти Муттаҳида шурӯъ аз Давлати Исломии Эрон то ба Осиёи Марказиву Қавқоз ва дигарон фарорасии фасли баҳор ва Соли навро хурсандона таҷлил менамоем.
Наврӯз- ин ҷашни эҳёи табиат, сулҳу осоиштагист; лаҳзаи таҷлили фарҳангу тамаддун, ки тӯли дувоздаҳ моҳ дар ҳаёти ҳар як хонавода бо умеди нек ба соли нав инъикос ёфтааст.
Ба ҳамаи мо дар Иёлоти Муттаҳида ин рӯз имконият медиҳад, ки саҳми садҳо ҳазорон мардуми эроннажоди Амрикоро, ки дар тиҷорат, фаъолияти давлатӣ, ҳуқуқ, ҳифзулсиҳат, тадқиқот, мусиқӣ ва дар дигар соҳаҳо эътироф намоем.
Хоҳони онем, ки ин ҷашни Наврӯз ба мардуми эроннажод оғози ояндаи нек бо имкониятҳои васеи дар мамлакати худ ба даст оварда, густариши ҳамкорӣ бо ҷомеаҳои байналмилалӣ гардида, дастрасиро ба ҳуқуқ ва озодиҳое, ки ба мардуми ҷаҳон фароҳам оварда шудаанд, таъмин намояд.
Чун ба гузашта назар меафканем, соле беназире буд бо дастовардҳо дар соҳаи дипломатия, ки ба коҳиш ёфтани таҳдиди муноқиша мусоидат намуд. Дар якҷоягӣ бо шарикони байналмилаллӣ, мо тавонистем, Барномаи ҷомеъи иқдоми муштракро таҳия ва бомуваффақ амалӣ намоем, ки он ба таъмини ҳадафҳои сулҳомезонаи Барномаи ҳастаии Эронро бар ивази аз байн рабурдани таҳримҳои марбут ба барномаи ҳастаӣ, мусоидат менамояд.
Ҳар як соли нав ва як фасли баҳор бо умеди нек бояд оғоз ёбад. Маҳз дар ин рӯҳия мо ин рӯзро таҷлил мекунем. Гарчанде миёни ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳида ва Эрон тафовут ба назар мерасад, вале ба дӯстии миёни ин ду халқ бояд таҳким бахшид. Соли нав муборак!