Баста шудани дастрасӣ ба шабакаи Фейсбук, сомонаи Радиои Озодӣ, Азия Плюс ва дигар сомонаҳои ахборотӣ дар Тоҷикистон боиси нигаронии Сафорати ИМА мебошад. Иёлоти Муттаҳида боварӣ дорад, ки ҳуқуқи ҳар шахс дар озодона иброз намудани фикри худ, хоҳ дар майдони оммавӣ ва хоҳ дар шабакаи интернетӣ, умумибашарист.
Иёлоти Муттаҳида мунтазам озодии сухан, васоити ахбори омма ва ҳуқуқи хабарнигоронро барои фаъолият кардан бидуни тарс, сензура ва таъқиботи сиёсӣ дастгирӣ менамоянд. Сафорати ИМА баҳри мусоидат ба рушди воситаҳои ахбори оммаи озоду мустақил бо Ҳукумати Тоҷикистон, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва аъзоёни воситаҳои ахбори омма ҳамкорӣ дорад. Мо Ҳукумати Тоҷикистонро даъват мекунем, ки маҳдудиятро аз шабакаи Фейсбук, сомонаи Радиои Озодӣ, Азия Плюс ва дигар сомонаҳои ахборотӣ ва иҷтимоӣ бардорад.