Эъломияи интишори Ҳисобот дар бораи ҳуқуқи башар дар соли 2022

Иёлоти Муттаҳида барои пешбурд ва дастгирии ҳуқуқҳои инсон дар саросари ҷаҳон кор мекунад, зеро медонад, ки танҳо тавассути ҳифзи ҳуқуқҳои асосии инсон мо метавонем дар фазои сулҳ ва шукуфоӣ зиндагӣ кунем. Ҳисоботи солонаи мо оид ба ҳуқуқи башар вазъи ҳуқуқи башарро дар ҳар як кишвар арзёбӣ мекунад ва метавонад ҳамчун роҳнамо барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҳомиёни ҳуқуқи башар дар саросари ҷаҳон ба пешбурди озодиҳои асосӣ ва волоияти қонун хидмат кунад.

Дар тӯли 30 соли ахир Иёлоти Муттаҳида бо Тоҷикистон барои такмили идоракунии маҳаллӣ ва низомҳои демократӣ ҳамкорӣ кардааст. Мо лоиҳаҳоеро, ки ҷомеаро дар бораи ҳуқуқҳои худ огоҳ мекунанд, дастгирӣ кардем, ҳуқуқшиносон, судяҳо ва прокурорҳо, инчунин фаъолон ва рӯзноманигорони шинохта, ки ҳуқуқи инсонро тарғиб мекунанд, омӯзондем. Мо саъй кардем, ки ҳуқуқҳои занон, маъюбон ва гурӯҳҳои ақаллиятро баланд бардорем, то ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон тавонанд иқтидори худро пурра истифода баранд.

Аз замони қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, дар соли 1948, дар тамоми ҷаҳон дар самти вусъат додани ҳифзи ҳуқуқи инсон муввафақиятҳои бешумор ба даст оварда шуданд. Камбудиҳои ҷиддй низ чой доштанд. Маҳдудиятҳо дар озодии баён ва дастрасӣ ба иттилоот, маҳдудиятҳо дар фаъолияти ВАО, маҳбусони виҷдон, ҳабсҳои худсарона, мурофиаҳои ноодилона, шиканҷа, гурӯҳҳое, ки ба табъиз дучор меоянд ва низомҳои сиёсие, ки ба намояндагии воқеии демократӣ монеъ мешаванд, вуҷуд доранд. Ҳатто онҳое, ки кишварҳои аслии худро тарк кардаанд, дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои хориҷӣ таъқиб карда мешаванд.

Ҳисоботи солона имкон медиҳад, ки дар ин мавзӯъ гуфтугӯ кунем ва соҳаҳоеро муайян созем, ки ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои умумии инсонии мо якҷоя кор карда тавонанд. Якҷоя мо метавонем ҷомеаи беҳтареро барои худ ва фарзандонамон муҳайё созем.