Изҳороти сафир Поммершайм ба муносибати 76-умин солгарди Ғалаба дар Аврупо

Пас аз 76 соли таслим шудани Олмони фашистӣ, мо хотираи ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, Иёлоти Муттаҳида ва бисёр дигар миллатҳои муттафиқро, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ қурбонӣ дода, кушта шудаанд, гиромӣ медорем. Шаҳрвандони Тоҷикистон ва Амрико ҳамчун ҳампаймон дар ҷанг меҷангиданд ва имрӯз ҳам шарик боқӣ мондаанд.

Иёлоти Муттаҳида давлатҳои ҳампаймонро тавассути Барномаи Ленд Лиз (иҷораи қарзӣ) дастгирӣ кард, ки ба Иттиҳоди Шӯравӣ дар шароити имрӯза ба маблағи 180 миллиард доллар ёрии муҳими низомӣ расонд. Кӯмак аз 14 000 ҳавопаймо, 13 000 тонк ва 400 000 ҷипу мошинҳои боркаш иборат буд. Амалиёти низомии ИМА дар Африқои Шимолӣ, Италия, Фаронса ва Олмон қудрати Иёлоти Муттаҳидаро ба мубориза овард. Иттифоқи мо шикасти Олмон ва Итолиёи фашистиро ба бор овард ва дар ниҳоят, 2 сентябри соли 1945, вақте ки Ҷопон ба шартҳои таслим имзо гузошт, Ҷанги дуюми ҷаҳонро ба анҷом расонд.

Иёлоти Муттаҳида муттаҳидон ва шарикони худро дар саросари ҷаҳон дар мубориза бо таҳдидҳои глобалии терроризм, бемориҳои сироятӣ, таҷовузи кишварҳои душман ва нақзи ҳуқуқи инсонро дастгирӣ мекунад. Дар тӯли 76 соли охир, мо барои мустаҳкам кардани шарикон ва ба ҳам наздик кардани одамон кӯмак пешниҳод намудем ва мубодилаҳо ташкил кардем. Мо бо кишварҳои шарик ва ҳампаймон барои пешгирии муноқиша ҳамкорӣ кардем. Мо дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ҳамчун иттифоқчиён меҷангидем ва то имрӯз шарикони мубориза барои сулҳ ва амният ҳастем.