Табрикоти сафир Поммершайм ба муносибати 29-умин солгарди Иди истиқлоли Тоҷикистон

Ман аз номи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон тамоми мардуми Тоҷикистонро бо 29-ум солгарди истиқлолият табрик мегӯям!

Дар тӯли тақрибан се даҳсолаи охир шарикии ҳукумат ва халқҳои мо мустаҳкамтар шуд. Мо аз дастовардҳои худ дар соҳаҳои рушд, амният, маориф, кишоварзӣ ва тандурустӣ ва муколамаи устувори худ дар масъалаҳои муҳими байналмилалӣ, инчунин волоияти қонун ва эҳтироми ҳуқуқи инсон ифтихор дорем. Иёлоти Муттаҳида минбаъд низ муносибатҳои худро бо Тоҷикистон дар асоси дастгирии қавии ИМА аз истиқлолият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон давом хоҳад дод.

Ин сол барои ҳамаи мо махсусан душвор буд, чун мо бо бемории ҳамагири COVID-19 дучор шудаем ва он ба саломатӣ ва беҳбудии иқтисодии мо таҳдид мекунад. Барои мубориза бо ин беморӣ, Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон беш аз 5 миллион доллари амрикоӣ кумак расонидааст, ки он иловатан ба беш аз 125 миллион доллар мебошад, ки мо барои дастгирии соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар замони истиқлолият ҷудо кардаем. Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида дар ин мубориза низ муттаҳид ҳастанд ва мо ин мусибатро ҳамроҳ мағлуб хоҳем кард.

Новобаста ба мушкилот мо ба кори худ идома медиҳем. Мо бо истифода аз технологиҳои навин бо шарикони худ аз Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди масъалаҳои муҳими байналмилалӣ суҳбат мекунем. Марказҳои амрикоӣ кушода ҳастанд ва дар фазои маҷозӣ фаъоланд, ва мо ба қабули дархостҳо барои содири раводид ба донишҷӯёни бозгашта оғоз кардем. Итминон дорам моро рӯзҳои хуше дар пеш аст. Ба шумо ва хонадони шумо саломатӣ, сарбаландӣ ва барои Тоҷикистон ояндаи дурахшонро таманно дорам! Рӯзи истиқлолият муборак бод!