Мо имрӯз дар ҷашн гирифтани дастовардҳои гузаштагонамон дар мағлуб сохтани Олмони фашистӣ 75 сол қабл ва эҳтиром гузоштан ба қурбониҳои сарбозон ва оилаи онҳо, ки дар давраи ҷанг зарар дидаанд, бо мардуми тоҷик ҳамроҳем.
Имрӯз мо ба таҳдидҳое дучор мешавем, ки муборизаи дастҷамъонаро талаб мекунанд. Ҳоло мо бо таҳдиди глобалии COVID-19 рӯбарӯ ҳастем, ки муқобили он Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон дар якҷоягӣ мубориза бурда истодаанд. Илова бар ин, терроризм, хушунат аз тарафи давлатҳо ва репрессия дар тамоми ҷаҳон чун пешина вуҷуд доранд, ва мо бояд бо ин таҳдидҳо ба хотири ҳифзи амният ва озодиамон якҷоя мубориза барем.
Шарикии мо бо Тоҷикистон мустаҳкам боқӣ мемонад, ва мо барои бартараф кардани ин чолишҳои муосир ҳамкориро идома хоҳем дод. Ба вазнини замона нигоҳ накарда, имрӯз мо метавонем ғалабаи бузурги дастҷамъонаи худро дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ҷашн гирем ва ба онҳое, ки ҷони худро аз даст додаанд ё дар ин самт зарар диданд, арҷ гузорем. Рӯзи Ғалаба ба ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Амрико муборак бошад!
