Изҳороти Котиби давлатии ИМА Майкл Помпео ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон

ИЗҲОРОТИ МАТБУОТӢ
КОТИБИ ДАВЛАТИИ ИМА  МАЙКЛ ПОМПЕО
8-уми сентябри соли 2020

Аз номи Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ва мардуми Амрико, ман мардуми Тоҷикистонро бо 29-умин солгарди Истиқлолият табрик мегӯям. 

Дар тӯли тақрибан се даҳсолаи охир  мо шарикии мустаҳкам барқарор намудем, ки ин барои расидан ба ҳадафи муштараки мо, яъне амният ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон мусоидат намуд. Дар солҳои оянда мо интизори ҳамкориҳои давомдор ҳастем, аз ҷумла тавассути формати C5+1, роҳандозӣ намудани шарикие, ки робитаҳоро бо тиҷорат ва сармоягузории чаҳонӣ равнақ медиҳад, амнияти минтақаро тақвият мебахшад ва самаранокии ниҳодҳои демократӣ, волоияти қонун ва эҳтироми ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон баланд мебардоранд.

Иёлоти Муттаҳида дар дастгирӣ намудани субот ва шукуфоии ояндаи Тоҷикистон ва мардуми он содиқ хоҳад монд ва мо умедворем, ки шарикии худро дар солҳои оянда тавсеа медиҳем.