Баёнияи Президент Обама ба муносибати моҳи Рамазон

Аз ҷониби мардуми Амрико, Мишел ва худам беҳтарин таманиётро ба ҷомеаҳои мусулмонони маскуни Иёлоти Муттаҳида ва саросари ҷаҳон дар оғози моҳи мубораки Рамазон ирсол менамоем.

Моҳи Рамазон замони худшиносӣ  ва парастиш тавасути ибодат ва рӯза буда, Рамазон ҳамчунин фурсатест, ки мусулмонон дар саросари ҷаҳон бори дигар садоқати худро бо дастгирӣ намудани фақирон, аз ҷумла касоне, ки ба хотири мушкилоти иқтисодӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ азият мекашанд, собит намоянд.

Дар инҷо, дар Иёлоти Муттаҳида, мо аз бисёре аз созмонҳо, афрод ва ширкатҳои тиҷории мусулмонони амрикоӣ, ки ба хотири фароҳам овардани имконият барои ҳамагон тавасути меҳнат ва паст намудани нобаробарию фақр, на танҳо бо усули хайрия, балки тавасути дастрас намудани имконияти таҳсил, ҳунар ва беҳдошти арзанда ба донишҷуён, меҳнаткашон ва оилаҳо мекӯшанд, миннатдорем.

Моҳи Рамазон инчунин моро дар мавриди масъулияти муштаракамон хотирасон менамояд, то бо дигарон онгуна муносибат намоем, ки нисбати худ раво мебинем ва аз усулҳои асосие зер, ки намояндагони динҳои мухталифро мутаҳид месозад,  хотирасон менамояд: орзу барои сулҳ, адолат ва баробарӣ. Замоне, ки теъдоди зиёди одамон дар натиҷаи муноқишаҳои бемаънӣ ва зӯроварӣ азият мекашанд, ин моҳи шариф моро дар мавриди вазифаҳои муштаракамон аз қабили кӯшиш барои адолат ва сулҳ ва ҳимояти каромати ҳар як инсон водор месозад.

Ба мисли ҳарсола ман ҳамчун президент нигарони мусулмонони амрикоӣ аз саросари Иёлоти Муттаҳида дар зиёфати шоми ифтор дар Кохи Сафед мебошам. Ин барои ман як фурсати муносиби дигарест, то саҳмгузории мусулмонони амрикоиро ба хотири рушди кишварамон қадрдонӣ намуда ба мусулмонони саросари ҷаҳон моҳи пур аз нишот, сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар хонаводаҳо ва ҷамоатҳояшон таммано намоям. Моҳи Рамазон муборак.