Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон барои иштирок дар Барномаи Online Professional English Network (OPEN) барои баҳори соли 2022, дархост қабул менамояд. Барномаи OPEN курсҳои 8 ҳафтаинаи такмили ихтисосро барои омӯзгорони забони англисӣ, ки аз ҷониби донишгоҳҳои ИМА дар мавзӯъҳои: Англисӣ ҳамчун воситаи омӯзиш (EMI), мусоидат ба ҳавасмандӣ ва ҷалби донишҷӯён (FSME), методикаи TESOL, такмили ихтисос барои омӯзгорон ва ҳамгироии тафаккури интиқодӣ дар синф, омода гардидаанд,пешниҳод менамояд.
Дархости худро барои иштирок дар омӯзиш то санаи 25 январи соли 2022 пешниҳод намоед, то дар омӯзишҳое, ки баҳори соли 2022 оғоз меёбанд, баррасӣ карда шавад. Шаҳодатномаҳо ва нишонаҳои рақамӣ аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА барои ҳамаи онҳое, ки омӯзишро бомуваффақият ба охир мерасонанд, дода мешаванд.
Аризаи пуркардаи худро ба суроғаи: EnglishProgramsDushanbe@state.gov равон кунед.
Ариза (Microsoft Word, 86 KB)
Руйхати омӯзишҳо (Microsoft Word, 111 KB)