Барномаи таҷрибаомӯзии якмоҳа барои рӯзноманигорони Осиёи Марказӣ

Барномаи таҷрибаомӯзии якмоҳа барои рӯзноманигорони  Осиёи Марказӣ барои баҳори соли 2020 кушода эълон шуд.   Барномаи таҷрибаомӯзии якмоҳа барои рӯзноманигорони Осиёи Марказӣ, рӯзноманигоронро барои таҷрибаомӯзии ҳирфаӣ аз тамоми Осиёи Марказӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷамъ оварда, барои беҳтар намудани стандартҳои касбӣ, эътимоднокӣ ва саҳеҳии маводҳои иштирокчиён ва барои дастгирии воситаҳои ахбори оммаи мустақил дар Осиёи Марказӣ равона шудааст.  Рӯзноманигорони барномаи мазкур тӯли як моҳ таҷрибаи шадид дар воситаҳои ахбори оммаи Иёлоти Техас ва инчунин тренингҳои гуногун дар донишгоҳҳои махаллӣ иштирок мекунанд. Тавассути ин таҷриба, онҳо метавонанд сохтор ва фаъолияти воститаи ахбори оммаи амрикоиро омӯзанд ва фаҳмиши худро дар бораи маълумоти нодуруст ва тасдиқи манбаи хабариро беҳтар гардонанд.

Ҳадафи ин ташаббус рушди шабакаи байниминтақавии рӯзноманигорон ва ташкилотҳои мустақили ВАО-и Осиёи Марказӣ мебошад. Рӯзноманигорон хамчун як гуруҳи хурд дар ИМА ҳамкорӣ мекунанд ва пас аз баргаштан ба Осиёи Марказӣ, онҳо ҳамкории худро бо шабакаи васеътари рӯзноманигорони минтақавӣ, минҷумла бо воситаи шабакаи GoViral давом медиҳанд.

Барномаи таҷрибаомӯзии якмоҳа барои рӯзноманигорони Осиёи Марказӣ қисми Барномаи табодули ВАО дар Осиёи Марказӣ (CAMEX) буда, аз ҷониби Хукумати ИМА маблағгузорӣ карда мешавад ва бо дастгирии Маркази байналмиллалии Меридиан, дар ҳамкорӣ бо Консорсиуми Таҳсилоти Байналмилалии Техас, амалӣ карда мешавад.

Барномаи баҳори соли 2020

Барномаи баҳории соли 2020 тахминан чаҳор ҳафта дар моҳҳои апрел-майи соли 2020 дар шаҳрҳои иёлоти Техас баргузор мешавад. Санаҳои баргузории барнома ҳангоми интихоби иштирокчиён эълон карда мешавад.

Барои гузаштан аз озмуни барнома номзадҳо бояд ба талаботи зерин мутобиқ бошанд:

  • Довталаобон дояд шаҳрванди Қазоқистон, Кирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон бошанд.
  • На камтар аз 5 соли таҷриба дар соҳаи ВАО дошта бошанд

Номзадҳои муваффақ бояд чунин меъёрҳоро нишон диҳанд:

  • Таҷрибаи мувофиқ ва кор дар соҳаи ВАО
  • Роҳбарӣ ва майли болоравӣ дар касб, муомилаи хуб ва ташаббускорӣ
  • Ӯҳдадорӣ барои рушди шабакаи рӯзноманигорони мустақили Осиёи Марказӣ
  • Малакаҳои хуби забони англисӣ (суханронӣ, навиштан ва хониш)

Дархост бояд тавассути аризаи онлайн бо забони англисӣ пур карда шавад. Шумо метавонед аризаро шуруъ кунед, онро ҳифз кунед, ва баъдтар боз барои пур кардани аризаатон баргардед. Пайванд барои пур кардани ариза: https://fs3.formsite.com/Meridian1630/CAJIRSpring2020/index.html.

Талаботи дархост чунинанд:

  • 3 иншои кутоҳ
  • 3 намунаи мақола бо забони англисӣ. Агар мақолаи шумо бо забони англисӣ набошад, шумо метавонед тарҷума ва нусхаи аслии онро ба мо равон кунед
  • 1 тавсиянома бо забони англисӣ аз роҳбари ҳозира ё қаблӣ. Тавсиянома бояд аз худи роҳбар ба суроғаи электронии ташкилоти Меридиан равон карда шавад. Тавсиянома аз худи иштирокчӣ қабул карда намешавад. Худи номзад масъул аст то, ки тавсиянома аз ҷониби роҳбар дар вақташ равон карда шавад. Дархост бе тавсиянома ба назар гирифта намешаванд.

Мӯҳлати охирони қабули ариза: 15-уми ноябри соли 2019 то соати 22:00.

Номзадҳо ба мусоҳибаи шахсӣ ё виртуалӣ даъват карда мешаванд. Ҳамаи номзадҳо дар аввали соли 2020 хабардор карда мешаванд.  Барои мълумоти муфассал, ба суроғаи зерин муроҷиат намоед: CAJIR@meridian.org