Душанбе, Тоҷикистон, 28 июни соли 2019 – Намояндаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон Залмай Халилзод барои мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Муҳриддин, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ генерал-лейтенант Саидмумин Ятимов ташриф овард.
Дар рафти вохӯриҳо, Намояндаи вижаи Амрико Залмай Халилзод нақши муҳими Тоҷикистонро дар Афғонистон қайд намуда, оид ба афзалиятҳои муносибатҳои минтақавӣ барои ҷалб намудани тамоми гурӯҳҳои дахлдори афғон барои музокира таъкид кард. Ӯ изҳор намуд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои ҳалли сулҳ байни Афғонистон ва гурӯҳи Толибон содиқ мемонад, то ки Афғонистон ҳеҷ гоҳ ба саҳнаи терроризми байналмилалӣ табдил наёбад.