Ташрифи Фармондеҳи Қӯшунҳои таъиноти махсуси Фармондеҳии марказии ИМА ба Тоҷикистон

Фармондеҳи Қӯшунҳои таъиноти махсуси Фармондеҳии марказии ИМА генерал-майор Дарси Д. Роҷерс ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ташриф овард ва дар як қатор мулоқот бо шахсони расмии олирутбаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат варзида, бо онҳо масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои амниятро матраҳ намуд.

Дар рафти сафари худ, генерал-майор Роҷерс бо Элизабет Миллард, сафири ИМА дар Тоҷикистон ва мақомдорони аршади ИМА дар Узбакистон вохӯриҳо гузаронида, бо онҳо масъалаи ҳамкориҳои давомдори низомӣ байни Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ҳамкории Қӯшунҳои таъиноти махсусии Фармондеҳии марказиро бо қувваҳои махсуси Тоҷикистону Узбакистон матраҳ намуд.

Генерал-майор Роҷерс, ҳамчунин, бо мақомдорони аршади низомии кишварҳо мулоқот намуда, аҳамияти идомаи ҳамкориҳо ва кӯмаки Қӯшунҳои таъиноти махсусии Фармондеҳии марказиро барои таъмини сулҳу субот ва амният дар Осиёи Марказӣ қайд намуд.