Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри аз Вена, Бишкек, Самарқанд, Остона, Душанбе ва Ашқобод дидан менамояд

Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Ҷон Керри ба Австрия, Қирғизистон, Узбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Туркманистон аз рӯзи 28 октябр то 3 ноябр сафар менамояд.

Ҳангоми ташриф ба Вена Котиби давлатӣ Керри бо ҳамкорони хориҷиаш мулоқоти дуҷониба ва бисёрҷонибаро гузаронида, бӯҳрони давомдори Сурияро муҳокима хоҳад кард.

Пас аз он Котиби давлатӣ ба Бишкек, Самарқанд, Остона, Душанбе ва Ашқобод барои гузаронидани мулоқоти дуҷониба бо шахсони олимақоми ин кишварҳо сафар мекунад. Ин нахустин ташрифи Котиби давлатӣ Керри ба Осиёи Марказӣ буда, дар таърих бори аввал аст, ки сафари Котиби давлатӣ ба панҷ кишвари Осиё Марказӣ дар рафти як сафар сурат мегирад.

Дар Бишкек Котиби давлатӣ дар маросими ифтитоҳи бинои ҷадиди Донишгоҳи Амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ ва бинои нави Сафорати ИМА ширкат хоҳад варзид.

Дар шаҳри Самарқанд Котиби давлатӣ дар мулоқоти муштарак бо вазирони корҳои хориҷии панҷ давлати Осиёи Марказӣ иштирок хоҳад кард. Ин вохурӣ, ки дар шакли нави гуфтушунид байни Иёлоти Мутаҳида ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба номи “5+1” мегузарад, ба Котиби давлатӣ ва вазирони корҳои хориҷӣ барои баррасии имкониятҳо ва мушкилотҳои минтиқавию ҷаҳонӣ имконият фароҳам меорад.

Дар Остона Котиби давлатӣ дар нишасти чоруми муколамаи ҳамкориҳои стратегии Иёлоти Мутаҳида ва Қазоқистон ширкат варзида, дар Донишгоҳи Назарбоев дар мавриди нақши Осиёи Марказӣ дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ суханронӣ хоҳад намуд.

Ҳангоми сафар ба Ашқобод ва Душанбе Котиби давлатӣ як қатор масоили дуҷониба ва минтақавиро бо намояндагони воломақоми давлатӣ муҳокима хоҳад намуд.

Барои пайгирӣ намудани сафари Котиби давлатӣ Керри аз @JohnKerry ва @StateDept ;дар Твитер ва барои дидани расмҳои сафар аз суроғаи Flickr-и Департаменти давлатии ИМА истифода намоед. Илова ба сомонаиhttp://blogs.state.gov/socials, инчунин сафарҳои Котиби давлатиро метавон аз саҳифаи http://www.state.gov/secretary/travel/index.htm пайгирӣ намуд.