Вокуниши Иёлоти Мутаҳҳидаи Амрико ба ҳукми вакилони дифои ҲНИТ

Душанбе, Тоҷикистон, 7-уми октябри соли 2016 – Иёлоти Мутаҳҳидаи Амрико бо изҳори нигаронӣ камбудиҳои назаррасро дар меъёрҳои адлияи ҷойдошта дар рафти мурофиаи судии вакилони дифоъ Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Махкамов, ки 6-уми октябр мутаносибан ба 23 ва 21 соли маҳбас маҳкум гардиданд, таъкид мекунад. Мо аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудаем, ки мурофиаи судӣ ба таври одилона, шаффоф ва мувофиқи уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон таҳти Аҳдномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ гузаронида шавад. Дастрас набудани ҳимояи ҳуқуқии зарурӣ барои Ёров ва Махкамов, аз ҷумла барои овозҳои мустақил, боиси эҷоди монеа дар пешрафти демократии Тоҷикистон гардид. Иёлоти Мутаҳҳида аз мақомоти дахлдори Тоҷикистон даъват менамояд, ки барои тамоми вакилони дифоъ имкониятро ҷиҳати бе тарси ҳавф ё фишор, минҷумла ҳабси ғайриқонунӣ ё таъқибот адо намудани фаъолияташон фароҳам оваранд. Мо итминон аз он дорем, ки пешрафти мунтазам ва таъмини амну субот дар Тоҷикистон пайравии Ҳукумати кишварро аз ҳифзи озодиҳои бунёдии ҳамаи шаҳрвандон талаб менамояд.