Суханронии Сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм дар нишасти матбуотӣ

Рӯзноманигорони мӯҳтарам, номи ман Ҷон Марк Поммершайм аст. Ман хеле хушҳолам, ки кори худро ба ҳайси Сафири ИМА дар сарзамини меҳмоннавози тоҷикон шурӯъ намудаам.

Фаъолият дар Тоҷикистон ва хидмат ба ватани худ ба ҳайси сафир барои ман шарафи бузургест. Ман танҳо ҳафтае пеш ба ин кишвар омадам ва аллакай аз меҳмоннавозии овозадори мардуми тоҷик баҳравар шудаам!

Дарвоқеъ, кормандони таҳҷоии тоҷики Сафорати ИМА барои ҳамкорони амрикоии худ ҷашни Наврӯзие барпо намуданд. Ман таъми суманакро чашидам, ба машқи таблакнавозони гурӯҳи маъруфи “Шукуфаҳои пойтахт” гӯш додам, рақси миллии тоҷикиро тамошо кардам, бо хони ҳафт сини наврӯзӣ ошно шудам ва маззаи оши – палави машҳури тоҷикиро чашидам. Он хеле болаззат буд! Ман омодаам бо ин кишвари зебо ва мардуми он боз ҳам бештару беҳтар шинос шавам.

Мехоҳам чанд сухане гӯям ва сипас бо камоли мамнуният ба саволҳои шумоён посух хоҳам дод.

Ман давоми 30 сол дар хидмати дипломатӣ ҳастам ва дар Чин, Беларус, Олмон, Русия ва Япония адои вазифа кардаам. Қабл аз ин, дар шабакаи CNN дар шаҳри Москва кор кардаам ва хеле хуб медонам, ки чӣ тавр фаъолияти рӯзноманигорӣ пурмашаққату муҳим аст. Охирин вазифаи ман ба сифати Муовини сарвари намояндагии дипломатии ИМА дар Қазоқистон буд, ки маҳз дар онҷо ман бо таърихи ғанӣ ва аҳамияти Осиёи Марказӣ шиносоии бештар пайдо кардам.

Тавре ки ман ба Президент Раҳмон дар маросими супоридани эътимодномаи худ гуфтам, барои мустаҳкам кардани ҳамкориҳои ИМА бо Тоҷикистон тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳам. Афзалиятҳои мо дар ин ҷода инҳоянд: якум, мустаҳкам намудани истиқлолият ва амнияти марзҳои Тоҷикистон. Дуюм, ИМА дар самти афзоиш додани робитаҳои иқтисодии минтақа кор хоҳад бурд. Сеюм, мо бо Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешбурди ниҳодҳои идоракунии давлатии  пурмасъулу самаранок ҳамкорӣ ҳамкорӣ хоҳем кард. Дар ҳамаи ин кӯшишҳо Сафорат барои таҳкими ҳамдигарфаҳмии мардумони ин ду кишвар талош хоҳад кард.

Биёед аз баррасии робитаҳои иқтисодӣ шурӯъ кунем. Моҳи гузашта, ИМА ва Тоҷикистон 27 солагии оғози робитаҳои дипломатиро қайд намуданд. Дар давоми ин давра муносибатҳои мо аз сатҳи таъмини Тоҷикистон бо кӯмакҳои башардӯстонаи ИМА то ба сатҳи ҳамкорӣ барои рушди устувори иқтисодӣ инкишоф ёфтааст. Дар соли 2018, Ҳукумати ИМА тавассути барномаи USAID барои рушди Тоҷикистон тақрибан 35 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ кардааст.

Пас аз чанд ҳафта, ман ба Хатлон барои боздид аз якчанд ташаббуси USAID дар соҳаи кишоварзию тиҷорат, такмил додани ғизо, таҳсилоти ибтидоӣ ва тандурустӣ, аз ҷумла ВНМБ ва бемории сил сафар хоҳам кард.

Тавре ки шумо медонед, моҳи ноябри соли 2015 Котиби Давлатии ИМА ва панҷ вазири корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Самарқанд вохӯрданд. Дар атиҷаи ин вохурӣ платформаи нави C5+1-ро ташкил дода шуд ва ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки диққати махсус ба рушди шабакаи минтақавӣ равона карда шавад.

Дар баробари лоиҳаҳои сершумори USAID, ки бо ҳадафи рушди тиҷорати минтақавӣ фаъолият мекунанд, Ҳукумати ИМА инчунин лоиҳаи CASA-1000-ро дастгирӣ менамояд. Лоиҳаи CASA-1000 ба Тоҷикистон ва Қирғизистон имконият медиҳад, ки неруи барқи изофии худро ба Афғонистону Покистон фурӯшанд. Ба наздикӣ ИМА омодагии худро барои дастгирии фаъолиятҳои сохтмонии неругоҳи барқи обии Себзор ҳамроҳ бо шарикони сармоягузори худ бо мақсади дастгирии ҷамоатҳои Бадахшон изҳор намуд.

Тавре дар мақоли тоҷикӣ омадааст: “Агар ҳамсоя дӯст бошад, кишварат ободу зебо мешавад”. Мо барои густариши равобит бо давлатҳои ҳамсояи Тоҷикистон корро идома медиҳем, ки ин дар навбати худ ба пешбурди амнияти минтақа мусоидат хоҳад кард.

Шарикӣ инчунин унсури муҳими субот дар ҳамкориҳои амниятии мост. Президент Трамп дар номаи худ ба Президент Раҳмон ҷонибдории ИМА-ро аз истиқлолият ва амнияти марзии Тоҷикистон тасдиқ намуд. Ҳамкорӣ дар соҳаи амният яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи ҳукумати кишвари мост.

Давоми соли гузашта Ҳукумати ИМА барои баланд бардоштани тавоноии қувваҳои амниятии Тоҷикистон ба маблағи бештар аз 19 миллион доллари ИМА таҷҳизоти баландсифат харидорӣ намуд ва ба кормандон омӯзиши касбиро фароҳам намуд. Ин кӯмак таҷҳизоти сенсории назорати заминӣ ва техникаи вазнини навро дарбар мегирад, ки барои таъмини амнияти марзҳо пешбинӣ шудааст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сад дар сад ҷонибдори амнияти Тоҷикистону минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Соли 2016 дар Самарқанд Вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои сиғаи C5+1 инчунин ба ҳамкории якҷоя дар мубориза бар зидди ифротгароии хушунатомез мувофиқат карданд. Ин бешубҳа,боз як ҷанбаи муҳими ҳамкориҳои амниятии ИМА ва Тоҷикистон мебошад. Терроризми ҷаҳонӣ яке аз бузургтарин таҳдидҳои муосир ба ҳисоб меравад ва ин мушкилиро танҳо тавассути ҳамкориҳои муассир метавон бартараф кард.

Мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм вазифаи хеле мураккаб аст. Ин масъаларо танҳо бо воситаҳои низомӣ наметавон ҳал кард. Ҳар давлат муваззаф аст, ки ҳуқуқи шаҳрвандони худро ҳимоят кунад, то ки онҳо ба даъватҳои бардурӯғи террористон фирефта нашаванд. Инчунин ҳар давлат бояд пурмасъулу шаффоф бошад ва на танҳо барои коҳиш додани диққати террористон ба худ, балки барои ҷалб кардани сармоягузории хориҷӣ низ кӯшиш кунад. Ин вазифаи осон нест.

Сафорати ИМА рӯи ин масъала ҳамроҳ бо Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ кори худро идома медиҳад. Мо барои пеш бурдани волоияти қонун ва пурзӯр кардани робитаи байни милиса ва ҷамоатҳои маҳаллӣ кор мебарем. Мисоли ин гуна корҳои мо, барномаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аст, ки ҳангоми конференсияи матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ фаъолияти ин барнома қайд гардид. Ин барномаҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон, роҳбарони мазҳабӣ, милиса ва мақомоти расмиро ба сифати ҷамоати ягона барои бартараф кардани мушкилот бо ҳам гирд меоварад. Ман аз ин кӯшишҳо ҳамчун як воситаи ба таври муассир ҳаллуфасл кардани мушкилоти амниятӣ дар минтақа ифтихор мекунам.

Инчунин мехоҳам аз фурсат истифода бурда ваъда диҳам, ки Иёлоти Муттаҳида ба пешбурди ҳуқуқи башар, озодии динӣ, озодии матбуот ва озодии ақида идома хоҳад дод. Иёлоти Муттаҳида ин корро ҳамроҳ бо шарикон – дар Тоҷикистон ва саросари дунё – метавонад ба анҷом расонад, зеро таърих борҳо нишон дода аст, ки ҷомеаи шаҳрвандии қавӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва озодиҳои бештар имкон медиҳанд, то овозҳои бисёртар шунида шавад ва боиси эҷодкорию иштироки бештари шаҳрвандон гардад. Ин кушодагӣ ҳам ба шукуфоӣ ва ҳам ба суботи ҷомеа мусоидат мекунад ва ба манфиати ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.

Иҷозат диҳед, суханони худро бо баёни ҳавасмандии хеш ба кори таҳкими муносибатҳои мардум бо мардум ба поён расонам. Ин амал танҳо бо роҳи фаҳмиши амиқ ва эҳтироми байниҳамдигарӣ ба дастоварад хоҳад шуд. Ҳамзамон бо омӯзиши забони пурфасоҳати шумо, ман таърихи бостонии тоҷикон ва адабиёти пурҳикмату пурхиради тоҷикро низ меомӯзам.

Ҳамсарам Наталя ва ман аз имконияти омӯзиши кишвари шумо хеле хурсанд ҳастем. Мо мехоҳем ба саросари Тоҷикистон сафар кунем, аз ҳамаи ҳашт маркази амрикоӣ боздид кунем ва бо роҳбарони ояндаи шумо сӯҳбат намоем. Ман ҳамчунин мехоҳам бо барномаҳои гуногуне, ки ба донишҷӯён ва мактаббачагон забони англисӣ меомӯзанд, инчунин бо мақомоти расмию рӯзноманигорон аз саросари кишвар шинос шавам. Дар тӯли фаъолити худ ман бо бисёре аз соҳибкорон,намояндагони мақомоти расмӣ ва аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки онҳоро Сафорат барои омӯзишу табодули таҷриба ба ИМА фиристодааст, вохӯрӣ ташкил хоҳам кард.

Наврӯзи хуҷастапай фаро мерасад, иҷозат диҳед шумоёнро бо ин ҷашни фархунда табрик гӯям.

Фарорасии Наврӯз муборак бошад!

Ман хеле шодам, ки дар маросиму ҷашнҳои наврӯзӣ иштирок мекунам ва бо фарҳанги ғании мардуми шумо ошноии бештар пайдо хоҳам кард.

Ба диққататон ташаккур мегӯям. Марҳамат саволҳои худро баён кунед.