Махфият

Баёния оид ба ҳифзи ҳарими хусусӣ

Ҳангоми ба сайти мо ворид шуданатон мо дар бораи шумо танҳо ҳамон маълумоти шахсиеро ҷамъ меоварем, ки шумо худатон пешниҳод менамоед. Пешниҳоди маълумоти хусусӣ тариқи вебсайти мо ихтиёрӣ аст, вале бо пешниҳоди чунин маълумот шумо ба мо ҳуқуқи истифодаи онро барои мақсадҳои зикршуда медиҳед. Агар маълумоти пешниҳодкардаи шумо нокофӣ бошад, пас имконоти мо ҳам барои ба шумо пешниҳод кардани хизмати зарурӣ маҳдуд мешаванд. Агар шумо тасмим гирифтаед, ки маълумоти шахсиатонро ба мо бо роҳи пур кардани қолабҳо (формаҳо) дар вебсайти Департаменти Давлатӣ ва ё фиристодани мактуби электронӣ дастрас намоед, пас мо барои пешниҳод кардани хизмати бароятон зарурӣ ва ё гардонидани посух ба мактубатон аз ҳамин маълумот истифода хоҳем кард. Маълумоте, ки шумо пешниҳод мекунед, вобаста аз мақсади ташрифатон метавонад гуногун бошад.

Мо ба таври автоматӣ номи домейн (.com, .edu, etc.), ки шумо аз он ба интернет ворид шудед, таърих, вақт ва адреси интернетии вебсайте, ки аз он ба сайти мо гузаштед (аз ҷумла муҳаррики ҷустуҷӯ ва ё саҳифаи интернетӣ)-ро гирд меоварем ва нигаҳдорӣ мекунем. Мо ин корро ба он хотир анҷом медиҳем, ки тавонем теъдоди касонеро, ки аз саҳифаҳои гуногуни сайти мо дидан кардаанд, ҳисоб кунем, то шакл ва муҳтавои онҳоро барои талаботи онҳо мутобиқ намоем.

Агар шумо ба мо e-mail фиристед

Шумо метавонед ба мо тариқи e-mail маълумоти шахсӣ фиристед, савол диҳед ва ё тавзеҳ нависед. Мо ин маълумотро барои беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба шумо ва ё посух додан ба дархостатон истифода хоҳем кард. Баъзан мо мактуби электронии шуморо ба оҷонсиҳои дигари ҳукумати Амрико ирсол менамоем, ки онҳо метавонанд ба шумо бештару беҳтар мусоидат кунанд. Ба истиснои ҳолатҳои таҳқиқоти расман иҷозатдодашуда аз ҷониби мақомоти қудратӣ мо e-mail-и шуморо дигар ба ягон сохтори беруна нишон намедиҳем.

Вебсайтҳо ва замимаҳои дигар

Мо бо шабакаҳои иҷтимоӣ ва вебсайтҳои дигар пайваст ҳастем. Мо аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои робита кардан бо аудиторияи худ дар саросари ҷаҳон ва ҷалби онҳо ба дипломатияи мардумӣ истифода менамоем. Шабакаҳои иҷтимоӣ барои паҳн кардани маълумот оиди чорабиниҳои сафорат ва ба онҳо ҷалб кардани мардум зарур ҳастанд. Мо аз технологияҳои андозагирӣ ва муайянсозии эҳтиёҷот барои муайян намудани теъдоди воридшавандагон ба вебсайтҳоямон ва саҳифаҳои гуногуни онҳо истифода менамоем ва кӯшиш мекунем, ки ин сайтҳо барои хонандагон ҳарчӣ зиёдтар муфид бошанд. Дар баъзе ҳолатҳо, бо мақсади сабтиноми ташрифоваранда, замимаҳо метавонанд адреси электронӣ, номи корбар (username), исми рамз (password) ва мавқеи ҷуғрофиро талаб кунанд.

Мо аз чунин замимаҳо барои гирдоварии маълумоти шахсии одамон истифода намекунем. Мо ягон намуди маълумоти шахсиро, ки вебсайтҳои дигар гирд меоваранд, ҷамъоварӣ ва нигаҳдорӣ намекунем. Ягон маълумоти шахсӣ ба ягон сохтори берун аз Департаменти Давлатӣ ифшо ва ё интиқол ва ё фурӯхта намешавад ба ғайр аз ҳолатҳое, ки ифшои чунин маълумот тибқи қонун ва ё ба хотири иҷрои қонун талаб карда мешавад.

Мо метавонем аз воситаҳои гуногуни назарсанҷии интернетӣ барои гирд овардани фикру ақидаи ташрифоварандагони вебсайтҳоямон, ки ба таври тасодуфӣ интихоб шудаанд, истифода кунем. Маъмулан Департаменти Давлатӣ барои муайн кардани сатҳи қаноатмандии ташрифоварандагони вебсайтҳояш аз назарсанҷии интернетии ForeSee Results American Customer Satisfaction Index (ACSI) истифода мебарад. Ин воситаи назарсанҷӣ маълумоти шахсиро гирд намеоварад. Агарчанде чунин саволномаҳо ба ташрифоварандагони тасодуфан интихобшудаи вебсайт пешниҳод карда мешаванд, вале пур кардани онҳо ихтиёрӣ аст ва на ҳама вебсайтҳои сафорат аз чунин саволномаҳо истифода мебаранд. Агар шумо иштирок дар назарсанҷиро рад карда бошед ҳам шумо ба иттилоот ва захираҳои вебсайти мо ҳамон қадаре дастрасӣ хоҳед дошт, ки касони дар назарсанҷӣ иштироккарда доранд. Натиҷаҳои назарсанҷиҳо танҳо ба коргардонҳои вебсайт ва дигар кормандони масъул дастрас мебошанд, ки ин маълумот барои иҷрои вазифаҳояшон зарур аст. Мо баъзан бо мақсадҳои муайян назарсанҷиҳои кӯтоҳмуддат низ мегузаронем, ки ҳадафи онҳоро ҳангоми дар вебсайт ҷойгир карданашон зикр мекунем.

Маълумоти барои пайгирӣ ва муайян кардани эҳтиёҷот ҷамъшаванда (Cookies)

Cookie ин як миқдори хурди маълумот оиди саҳифаҳое мебошад, ки шумо дар вебсайт аз онҳо дидан кардед ва он аз вебсайт ба компутери шумо интиқол шуда дар он дарҷ мегардад. Компутери шумо маълумоти cookie-ро танҳо бо ҳамон вебсайте табодул мекунад, ки онро интиқол додааст, ягон вебсайти дигар наметавонад чунин маълумотро талаб кунад. Cookie – ҳо ду намуд мешаванд:

  • Cookie –и давравӣ: чунин Cookie то он лаҳзае вуҷуд дорад, ки браузери вебсайт фаъол аст. Бо пӯшидани браузер ин Cookie нест мешавад. Вебсайтҳо аз чунин Cookie ба ҳадафҳои техникӣ истифода мекунанд, то ҳаракати шумо дар дохили сайт осон гардад ва ё шумо тавонед раванди муомилаатонро бо ин сайт ба эҳтиёҷоти худ мутобиқ намоед.
  • Cookie –ҳои мудовим: чунин Cookie – ҳо дар HDD (ҳард драйв)-и компутери шумо сабт мешаванд, то муайян намоянд, ки кадоме аз истифодабарандагон (user) ба вебсайт ба тозагӣ ворид шудаанд ва ё бозпас гаштаанд ва ё барои он, ки ҳангоми гузаронидани назарсанҷии ForeSee Satisfaction Survey аз такроран фиристодани саволнома ба нафаре, ки аллакай дар он иштирок кардааст, пешгирӣ намоянд.

Агар шумо намехоҳед, ки cookie-ҳои мудовим дар компутератон дарҷ гарданд, шумо метавонед онҳоро дар браузери худатон ғайри фаъол кунед. Новобаста ба ин шумо ба ҳамаи маълумотҳои вебсайти мо дастрасӣ хоҳед дошт. Вале бояд дар назар дошт, ки ғайрифаъол намудани cookie – ҳо метавонанд ба амали баъзе вебсайтҳо таъсир расонад. Дар назар доред, ки ғайрифаъол намудани cookie –ҳо дар браузератон метавонад ба истифодаи онҳо ҳангоми воридшавии шумо ба тамоми дигар вебсайтҳо низ таъсир расонад.

Робита бо вебсайтҳои беруна

Вебсайти мо бо сайтҳои дигар вазорату оҷонсиҳо ва сафоратхонаҳои ИМА, созмонҳои байналхалқиву ширкатҳои хусусӣ дар Амрико ва берун аз он пайваста аст. Ҳангоми ба вебсайти дигар пайваст шудан, шумо дигар дар сайти мо ҳузур нахоҳед дошт ва мавриди сиёсати ҳифзи ҳарими хусусии ҳамин вебсайти нав қарор мегиред.

Мо тамоми кӯшишҳоямонро ба харҷ медиҳем, ки ба шумо маълумоти пурра ва дақиқ пешниҳод намоем. Вале мо наметавонем кафолат диҳем, ки дар ин самт хатогиҳо рух намедиҳанд. Агарчанде мо ба ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дар ин вебсайт вуҷуддошта эҳтиром қоилем, вале на сафорат ва на ҳеҷ яке аз кормандон ва ё паймонкорони он наметавонанд мустақиман ва ё ғайримустақиман дар робита ба онҳо ҳеҷ гуна кафолат, аз ҷумла кафолати коршоямиашон барои мақсадҳои муайянро диҳанд. Илова бар ин, сафорат ҳеҷ гуна ӯҳдадории қонуниро барои дуруст, комил ва муҳим будани маълумот, маҳсулот ва ё раванди дар ин ҷо зикршуда ба дӯш намегирад ва изҳор наменамояд, ки истифода аз чунин маълумот, маҳсулот ва ё раванд ҳуқуқҳои шахсии касеро вайрон намекунад.

Бо мақсади таъмини амнияти вебсайт ва ба хотири он дастрас будани ин хизматрасонӣ ба ҳамаи истифодабарандагон, Департаменти Давлатӣ барномаҳои назорати траффики шабакаро истифода мекунад, то аз кӯшиши ғайриқонунӣ ворид намудан ва ё тағйир додани маълумот ва ё бо дигар роҳ зарар расонидан ба он пешгирӣ намояд. Кӯшиши ғайриқонунӣ ворид намудан ва ё тағйир додани маълумоти вебсайт мамнӯъ аст ва метавонад барои он тибқи Қонун дар бораи тақаллуб ва суйистифода аз компутер аз соли 1986 ҷавобгарӣ муайян шудааст. Маълумот дар бораи чунин ҳолатҳо метавонад расман таҳқиқ карда шавад. Ба ғайр аз ин ҳолатҳои зикршуда ҳеҷ кӯшише барои муайян кардани шахсият ва одатҳои истифодабарандаи интернет (user) сурат намегирад. Кӯшиши ғайриқонунӣ ворид намудан ва ё тағйир додани маълумоти ин вебсайтҳо қатъан манъ аст ва барои он тибқи “Қонун дар бораи тақаллуб ва суйистифода аз компутер” аз соли 1986 ва Банди 18, қисмҳои 1001 ва 1030 “Қонуни ҷиноии ИМА” ҷавобгарӣ муайян шудааст.