Паёми Президент ба муносибати Наврӯзи соли 2019

Дафтари Котиби матбуотӣ
БАРОИ НАШРИ ФАВРӢ
20 МАРТИ СОЛИ 2019

Ман мехоҳам беҳтарин табрикоти худро ба муносибати фарорасии ҷашни қадимӣ ва фархундаи Наврӯз ба ҳамаи онҳое бифиристам, ки аз ин ҷашн дар сарзамини ИМА ва саросари ҷаҳон истиқбол мекунанд.

Наврӯз замони вижае барои ҷашнгирӣ ва шукргузорӣ дар аксари кишварҳои Осиёи Ғарбӣ ва Марказӣ, бахусус дар сарзамини Эрон аст. Замоне барои бо ҳам омадан, ибрози шукру сипос кардан аз неъматҳои соли гузашта ва бо рӯҳи тозаю хушбинона омода шудан ба пешвози солу баҳори нав аст.

Мутаасифона, мардуми Эрон бори дигар наметавонад аз хушиҳои ин ҷашн ба таври комил баҳра барад. Имсол низ, ба монанди ҳар сол дар тӯли чор даҳаи гузашта, онҳо фарорасии баҳору соли навро таҳти фишори сангини низоми саркӯб ва фасодзадаи кишвари худ ҷашн мегиранд.

Мардуми Эрон майл дорад таърихи пурифтихор, фарҳанги ғанӣ ва ҷойгоҳи сазовори худро дар арсаи ҷаҳонӣ ба даст орад. Онҳо сазовори ҳукумате ҳастанд, ки ҷавобгӯи ниёзи онҳост ва ба мардум бо шарофату эҳтиром муносибат мекунад. Аммо низоми Эрон ин усулҳоро рад мекунад. Дар натиҷа, зиндагии ҳаррӯзаи мардуми Эрон мухолиф бо маънои воқеии Наврӯз аст, ки ба забони форсӣ “рӯзи нав” буда, баёнгари умеду ормони зиёд ба рӯзест, ки хубию некӣ бар ғаму андӯҳ пирӯз меояд ва шодию сурур ҷойгузини он мешавад.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳамбастагӣ бо мардуми Эрон, ки ташнаи ояндаи озодӣ, имкониятҳо ва равнақу шукуфоист, ҳамчунон низоми диктатории Эронро маҳкум мекунад. Мо ваъда медиҳем, ки ҳеҷ гоҳ даъвати мардуми Эронро ба озодӣ инкор ва муборизаи доимии онҳоро барои ҳуқуқи башар фаромӯш нахоҳем кард.

Ман дар ҷашни фархундаи Наврӯз ба мардуми саросари ҷаҳон ва дуои онҳо ба таваллуди дубораи озодии Эрон ҳамроҳ мешавам. Озодию адолат рӯзе ба ҷабру истибдод ғолиб хоҳад омад.

Наврӯзатон пирӯз бод!