Паёми Президент ба муносибати Иди саиди фитр

Кохи сафед
Идораи Котиби матбуотӣ
Барои нашри фаврӣ
3 июни соли 2019

Мелания ба табрикоти самимии ман ба муносибати Иди саиди фитр ҳамроҳ мешавад.

Дар хотимаи моҳи шарифу муқаддаси рамазон мусулмонон рӯзи идро бо намози идона ва тааммул ҷашн мегиранд. Ин рӯзи муқаддас ба мусулмонон, ҳам дар Иёлоти Муттаҳида ва ҳам дар саросари ҷаҳон имконияти таҷдиди тааҳҳудоти худ дар кӯмаку дастгирӣ ба касоне, ки камтар хуштолеъ ҳастанд, тақвияти эътиқоду боварии эшон ба Худованди карим ва иштирок дар ибодату намоз ва рафоқат бо дигаронро фароҳам мекунад.

Мо умедворем, ки ин иди саид ба ҳамаи ҷашнгирандагон шодию осоиштагиро ба армуғон меорад ва дуо мекунем, ки ҷамоатҳо дар саросари ҷаҳон неъматҳои ишқу садоқат, бахшишу омурзиш ва лутфу каромати Худованди каримро дарку эҳсос хоҳанд кард.

Иди саиди фитр муборак.