Президент Трамп Президент Рахмонро бо Рӯзи Истқлолияти Тоҷикистон табрик намуд

Душанбе, Тоҷикистон, 8 сентябри соли 2017 – Собиқ Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард мактуби табрикотии Президенти ИМА Доналд Трампро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон, бахшида ба 26 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон 28 август тақдим намуд.

Муҳтарам ҷаноби Президент!

Табрикоти самимии маро ба шарофати таҷлили Рӯзи истиқлолияти  Чумҳурии Тоҷикистон, ки  9-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад, бипазиред.

Иёлоти Муттаҳида яке аз аввалин давлатҳое буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро соли 1991 эътироф намуд, ва мо Истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро собитқадамона дастгирӣ менамоем.

Дар арафаи 26-умин ҷашнвораи Истиқлолияти давлатӣ, мо интизори шарикии бардавом ва ҳамкории судманд мебошем, ки ба манфиати ҳар ду давлат ва минтақа равона шудааст.  Ман беҳтарин таманниёти худро ба мардуми Тоҷикистон дар ин рӯз изҳор менамоям.

Бо камоли эҳтиром,

Доналд Ҷ. Трамп