Изҳороти муштарак оид ба ҷаласаи чоруми вазирони давлатҳи аъзои C5 + 1

Матни изҳороти зеринро ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон оиди ҷаласаи чоруми вазирони давлатҳои аъзои C5 + 1 интишор карданд..

Оғози матн:

Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, панҷ намояндаи вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва сафири Туркманистон дар Иёлоти Муттаҳида да якҷоягӣ Эъломияи шарикӣ ва ҳамкориро пас аз вохӯрии чоруми вазирон ва вохурии шашум дар сатҳи C5 + 1, ки 22 сентябри соли 2019 дар Ню-Йорк баргузор гардид, қабул намуданд.  Иштирокчиён фазои нави шарикӣ ва арзиши форматро тасдиқ намуда, ба талошҳои муштарак баҳри таҳкими ҳамкорӣ, суботи минтақавӣ ва рушди устувор тавассути муколамаи мунтазам ва амалҳои муштарак розӣ мешаванд.

Бо таъкиди эҳтироми мо ба соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти қаламрави ҳар як кишвари минтақа, инчунин ба як минтақаи қавӣ, мустақил, шукуфо ва устувор табдил додани  Осиёи Марказӣ, иштирокчиёни ҷаласа самтҳои афзалиятноки зерини ҳамкориро муайян намуданд:

  • Тақвият додани платформаи дипломатии C5 + 1 ҳамчун механизми муколама ва амалиёти муштарак тавассути мулоқотҳои минбаъдаи вазирони корҳои хориҷӣ ва муколамаҳои мунтазам дар сатҳи дипломатӣ ва коршиносон, муайян кардани имкониятҳои нав барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангӣ, гуманитарӣ ва маориф, инчунин дар соҳаи амният ;
  • Таҳкими равобити тиҷоратию иқтисодии минтақавӣ, инчунин баррасии C5 + 1 ва Созишномаи қолабӣ оид ба тиҷорати байни ИМА ва Осиёи Марказӣ ҳамчун платформа барои таҳкими муносибатҳои байни кишварҳои минтақа ва ИМА, инчунин барои баланд бардоштани иқтидори содиротии Осиёи Миёна;
  • Ҳамкории амиқ дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми зӯроварӣ, ҷинояткории муташаккилона ва молиявӣ, инчунин гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва хариду фуруши инсон, аз ҷумла тавассути мубодилаи мукаммали иттилоот, ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти сарҳад ва мубодилаи таҷрибаҳои беҳтарин оиди масъалаҳои баргардонидан, барқароршавӣ ё таъқиботу ҷустуҷӯи ҷангиёни террористии хориҷӣ аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон;;
  • Дастгирии ҳалли мусолиматомези низои Афғонистон бо роҳи таъмини рушди устувори Осиёи Марказӣ, бо таваҷҷӯҳи махсус ба густариши робитаҳои иқтисодӣ дар минтақа, инчунин татбиқи лоиҳаҳои минтақавии энергетикӣ, роҳи оҳан, нақлиёт, коммуникатсия ва инфрасохтор. бо кӯмаки созмонҳои байналмилалии молиявӣ;
  • Таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ бо риояи меъёрҳо ва принсипҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Эъломияи Умумии Ҳуқуқи Инсон, Эъломияи Принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва Санади ниҳоии Конфронси Хелсинки оид ба амният ва ҳамкорӣ. дар Аврупо.

Вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Сафири Туркманистон дар Иёлоти Муттаҳида барои баргузории ин нишасти вазирони корҳои хориҷӣ дар формати C5 + 1 миннадории худро ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико изҳор намуданд.