Душанбе, Тоҷикистон, 23-юми сентябри соли 2020 – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) лоиҳаи нави панҷсоларо бо арзиши 17,3 миллион доллари ИМА – «Модари солим, кӯдаки солим», ки дар ҳамкории зич бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, ҷиҳати коҳиши фавти модару кӯдак, маризӣ ва камғизоӣ дар ғарби вилояти Хатлони Тоҷикистон амалӣ хохад шуд, оғоз менамояд.
Мутобиқи стратегияи ҷаҳонии ИМА оид ба амнияти ғизоӣ ва мубориза бо гуруснагӣ, ҳадафи ин лоиҳа бартараф намудани иллатҳои ошкор ва нуҳуфтаи тағзияи нокофӣ аст, ки он боиси кундии рушди ҷисмониву зеҳнӣ ва осебпазирӣ дар баробари бемориҳое мисли COVID-19 мешавад. Ин лоиҳа сифати хадамоти тиббӣ ва иҷтимоиро дар Тоҷикистон беҳтар мекунад то, ки шаҳрвандон тавонанд тамоми зарфиятҳои худро истифода карда, саҳмашонро дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар гузоранд.
Аз тариқи ин фаъолиятҳо USAID бо ироаи кӯмакҳои техникии ҳадафманд ва пойдор ба Вазорати тандурустӣ, беморхонаҳо, муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва ҷамоатҳо, хизматрасониҳои тиббиро муассир ва ниҳодина мекунад. Натиҷаи ниҳоии ин тадбирҳо таҳкими низоми тандурустӣ дар 12 ноҳияи вилояти Хатлон хоҳад буд.
Ин лоиҳа бар фаъолиятҳои қаблии USAID барои беҳтар кардани сифати хизматрасониҳо дар бахши тағзия ва ҳифзи саломатии модару кӯдак, асос ёфтааст. Лоиҳаи қаблӣ аз тариқи 24 марказӣ захиравӣ ва омӯзишӣ амалӣ шуд, ки дар натиҷа сатҳи маргу мири навзодон аз 43 ба 33 ба ҳар 1000 таваллуди зинда дар давоми солҳои 2012 – 2017, коҳиш ёфт.
###
USAID – як созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, рушди устуворро тақвият мебахшад. Маълумоти муффасал дар сомонаи: https://www.usaid.gov/central-asia-regional ва саҳифаи USAID дар Facebook: https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia