USAID барномаи таъмин намудани дастрасии бештар ба оби нушокии тозаро бо маблағи 12 миллион доллари амрикоӣ, оғоз менамояд

Душанбе, Тоҷикистон, 21-уми сентябри соли 2020 – Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) лоиҳаи нави панҷсоларо бо арзиши $12 миллион доллари амрикоӣ барои дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дар ҷамоатҳои Тоҷикистон, ки то ҳол қисман ё пурра ба оби тоза дастрасӣ надоштанд, эълон намуд. Дар чаҳорчуби лоиҳаи мазкур, наздики 30 000 нафар аҳолии деҳаҳои дурдаст ва рустоҳои наздишаҳрӣ, бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин хоҳанд шуд.

Дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ ва санитария, дар баробари гигиена ва қобилияти идоракунии самараноки захираҳои об, метавонад роҳи рушди кишварро дар самти субот, шукуфоии иқтисодӣ ва мустақилият пеш барад.

Лоиҳаи USAID оид ба таъмини оби нушоқӣ дар деҳот ба муваффақиятҳое, ки тавассути сармоягузориҳои қаблии USAID дар соҳаи хизматрасонии оби нӯшокӣ ба аҳолӣ, тавассути беҳтар намудани идоракунӣ ва расонидани хизматрасониҳо дар самти таъмини об ба даст оварда шудааст, такя хоҳад кард.

Лоиҳаи нави USAID иштироки аҳли ҷомеаро дар назорати хадамоти обтаъминкунӣ тақвият бахшида, дастрасиро ба маблағгузорӣ беҳтар менамояд. Тариқи лоиҳаи мазкур, сармоягузории давлатӣ ва хусусиро ҷиҳати эҷоди моделҳои тиҷоративу иқтисодии самаранок, барои афзоиши сармоягузориҳои давлатӣ ва хусусӣ ба инфрасохтори об дар деҳот ва шаҳрҳои атрофи шаҳр, тақвият хоҳад дод.

Дар доираи Стратегияи глобалии ИМА оид ба мубориза бо гуруснагӣ ва амнияти озуқаворӣ, ин лоиҳа сифати тандурустӣ ва хидматрасонии иҷтимоиро дар Тоҷикистон беҳтар хоҳад намуд. Ин ҳадаф ба шаҳрвандон имконият медиҳад, то иқтидори инсонии худро пурра амалӣ намоянд ва дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон саҳми худро гузоранд.

###

USAID – як созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, рушди устуворро тақвият мебахшад. Маълумоти муффасал дар сомонаи: https://www.usaid.gov/central-asia-regional ва саҳифаи USAID дар Facebook: https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia.