Иёлоти Муттаҳида барои мубориза бо COVID-19 ба Тоҷикистон 2,8 миллион доллари иловагӣ ҷудо менамояд

Душанбе, Тоҷикистон, 16 сентябри соли 2021 – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) имрӯз оид ба ҷудо намудани 2,8 миллион доллар кумаки таъҷилӣ барои мубориза бо COVID -19 ба Тоҷикистон эълон намуд. Маблағгузорӣ кӯшишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар ҳамоҳангсозии омодабошӣ, интиқол ва кафолати самаранокии ваксинаи COVID-19 дар Тоҷикистон дастгирӣ намуда ба таҳкими иқтидори кормандони соҳаи тандурустӣ, беҳтар намудани системаи таъминоти оксиген, аз ҷумла тавассути хариди таҷҳизот ва маводҳои зарурӣ барои истеҳсол, тақсим ва расонидани оксиген ба беморон равона карда шудааст.

Сафир Поммершайм қайд намуданд: “Ман аз он шодам, ки ин як қадами муҳими мо дар талошҳои муштарак барои хотима додан ба пандемияи COVID-19 мебошад. Якҷоя фаъолият намуда, мо метавонем ин балои марговарро нест кунем ва иқтисоди ҷаҳониро барқарор намоем.”

Ин кумакест, ки аз тарафи Нақшаи таърихии наҷотбахши Амрико барои COVID-19 ҷудо шуда истодааст, ва дар маблағи 9 миллион доллари ИМА ки аз тарафи Ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон расонида шуд аз замони сар задани пандемия дар кишвар аз моҳи марти соли 2020 илова мекунад.  Кӯмак ба Тоҷикистон дар барои таҳкими системаи тандурустӣ нигаронида шуда, хариди фаврии маводҳо барои пешгирӣ ва назорати сироятҳо, аз ҷумла барномаҳои тавсеаи санҷишҳо барои COVID-19; таъмини бехатарии кормандони тиб бо истифода аз таҷҳизоти муҳофизатии инфиродӣ; беҳтар намудани дастрасӣ ба таҷҳизоти оксигенбарорӣ ва лабораторӣ; тақвият додани назорати бемориҳо ва идоракунии клиникӣ; ва барои беҳтар кардани дастрасии иттилооти боэътимод равона карда шудааст.

Ин талошҳо ба фаъолияти наҷотбахше, ки дар муддати даҳсолаҳо таҳти роҳбарии ИМА дар ҳалли бӯҳронҳои глобалии тандурустӣ роҳандозӣ шудаанд, такя мекунанд. Дар тӯли 60 соли охир, USAID миллионҳо одамонро аз бемориҳое ба мисли Эбола, ВНМО / БПНМ, сил, вараҷа ва ҳоло COVID-19 наҷот додааст.

Сироятҳо сарҳад надорад. Иёлоти Муттаҳида барои хотима бахшидан ба пандемияи COVID-19 дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, коҳиш додани таъсири харобиовари иҷтимоӣ ва иқтисодии он ва омодасозии кишвар ба вокуниш ба авҷҳои ояндаи он ӯҳдадории худро ифода менамояд.