Сабти ном барои иштирок дар 4-ум ҷашнвораи минтақавии “Go Viral” рӯзи 9-сентябр оғоз шуд. Чорабинии имсола дар фазои Интернет аз 9-ум то 18-ум октябр баргузор мешавад. Ҳар сол дар ҷашнвораи “Go Viral” коршиносон, навоварони расонаҳо, тиҷорат, фарҳанг ва технология на танҳо аз Осиёи Марказӣ, балки аз тамоми ҷаҳон ба ҳам меоянд. Ҷашнвораи “Go Viral” тавассути тақдимҳо, семинар ва шиносоии нав, фазои ҳамкориҳои созанда бо ҳадафи ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилоти умумиро фароҳам месозад. Ҷашнвораи “Go Viral” аз соли 2017 оғоз ёфта, аз ҷониби намояндагии дипломатии ИМА дар Қазоқистон сарпарастӣ мешавад.
Мавзӯи имсола “Таҷдиди андеша, тарроҳӣ ва иртиботот” мебошад. Имсол ҷашнвора тули даҳ рӯз дар якчанд платформаи онлайн, аз ҷумла Facebook Live, YouTube ва Zoom баргузор мешавад. Иштирокчиён метавонанд ба ҷаласаҳои Go Viral, маърӯзаҳо ва семинарҳо ба таври онлайн пайваст шуда, филмҳои бадеӣ ва мустанадро тамошо кунанд, аз консерт ва намоишҳо лаззат баранд, дар тақдими ақидаҳо иштирок кунанд, ва бинанд чӣ тавр ақлҳои беҳтарини ҷаҳон тағйиротҳоро амалӣ мегардонанд.
Имсол сабти ном ройгон буда, тариқи сомонаи goviral.kz анҷом дода мешавад.
“Бо назардошти мушкилоти ҷаҳони имрӯза, муттаҳид шудан ва пайдо кардани роҳҳои муштараки ҳалли мушкилиҳо аз пештара низ муҳимтар шудааст. Тавре ки мавзӯи фестивали имсола дуруст қайд мекунад, ин бемории фарогир ҳамаро маҷбур сохт, ки дар бораи кори якҷоя биандешем, то ҷаҳони худро барои насли оянда ташаккул диҳем. Гарчанде ки бемории ҳамагир тарзи гузаронидани фестивалро иваз намуд, бартарии тарзи онлайн дар он аст, ки шумораи зиёди иштирокчиён аз тамоми Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон ҷалб карда мешаванд. Ман хеле шодам, ки бо ҳамкорони эҷодкор ва ҳавасманд кор мекунам, зеро мо доимо кӯшиш мекунем, то ҳалли мушкилоти умумиамонро чӣ дар замони пандемия ва чӣ баъд аз он дарёбем,” – гуфт Ананд Кришна, сардори Шӯъбаи матбуот, фарҳанг ва маорифи Консулгарии генералии ИМА дар ш. Алмато.
Фестивал ба саволҳои зерин равшанӣ меандозад:
- “Deepfakes” чист ва онро чӣ гуна бояд шинохт?
- Метаконтент чист ва филтрҳои Instagram-ро барои пешбурди бренди худ чӣ гуна истифода бояд бурд?
- Расонаҳо пас аз пандемияи COVID-19 чиро интизоранд?
- Садои вирус чӣ гуна аст?
- Чӣ гуна зеҳни сунъӣ барои ҷустуҷӯи кор истифода мешавад?
- Хонаи ҳушманд ё Smart Home чӣ гуна кор мекунад?
Ва бисёр донистаниҳои дигар!
Иттилооти бештар дар бораи суханронон, навигарӣ, озмун ва худи лоиҳаро метавонед дар сомонаи goviral.kz ва инчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас кунед. Мо мунтазирем, ки ҳамроҳи шумо дар “Таҷдиди андеша, тарроҳӣ ва иртиботот” моҳи оянда иштирок кунем.
#goviralca #goviralca2020
Маводи тасвирӣ ва наворҳоро метавонед аз ин ҷо боркашӣ кунед: https://bit.ly/2Fq6Ltk
Шӯъбаи иттилоотии фестивали “Go Viral 2020”:
Тел.: + 7 701 222 28 50, Далида Накупова
Суроғаи электронӣ: media@goviral.kz