Душанбе, Тоҷикистон, 1 сентябри соли 2021 – Сафорати ИМА дар Душанбе лоиҳаи сохтмони иншооти нав барои отряди сарҳадбонон дар Айвоҷ, дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва Узбекистон оғоз намуд. Отряди нави сарҳадӣ отряди кӯҳнаи дар Шаҳритус бударо иваз мекунад ва ба Хадамоти Сарҳадӣ имкон медиҳад, ки дар посух ба таҳдидҳо нерӯҳояшро зудтар ба манотиқи наздисарҳадӣ сафарбар кунанд. Пас аз анҷоми сохтмон иншооти нав метавонад кормандони сарҳад ва оилаҳои онҳоро ҷой кунад.
Чуноне, ки Сафир Поммершайм қайд карданд, “Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон аз ҳамкории қавӣ дар соҳаи амният бархӯрдоранд ва ин лоиҳаи отряди сарҳадӣ боз як намунаи ӯҳдадориҳои муштараки мо ба амният ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ мебошад.” Аз соли 2002 то ин ҷониб, Ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон беш аз 300 миллион доллар кӯмак дар бахши амният расонидааст ва 12 посгоҳи марзӣ, 9 иншооти гузаргоҳи сарҳадӣ ва се маркази омӯзишии марзбононро таъмир ё азнавсозӣ кардааст, ки барои мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ равона шудааст.
Пас аз марҳилаи аввали таҳияи лоиҳа, ки аз ҷониби Дафтари Хадамоти Лоиҳаи Созмони Милали Муттаҳид (UNOPS) амалӣ карда мешавад, сафорати ИМА нақша дорад, ки сохтмони иншооти навро дар Айвоҷ аз соли 2022 маблағгузорӣ намояд.