Душанбе, 7-уми августи соли 2020 – Имрӯз сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм дар видео-конфронси бахшида ба дастовардҳои лоиҳаи Пешсафи USAID бар зидди ВНМО дар Осиёи Марказӣ ширкат кард. Дар ин конфронс натиҷаҳои панҷ соли амалишавии ин лоиҳа ва муаррифии лоиҳаи нави USAID, ки ҳадафи он расонидани кӯмак ба 95 фоизи шахсони гирифтори ВНМО барои огоҳ шудан аз бемории худ ва мусоидат барои гирифтани табобат мебошад, баррасӣ шуд. Ин лоиҳаҳои USAID барои ноил гаштан ба ҳадафҳои Нақшаи фавқулоддаи Президенти ИМА барои мубориза бар зидди ВНМО ва ҳадафҳои UNAIDS амалӣ мешаванд.
Дар давоми панҷ соли охир USAID санҷиши 55 500 нафарро барои ВНМО анҷом додааст. Тақрибан 1 900 нафари онҳо огоҳ шудаанд, ки гирифтори ВНМО мебошанд ва 2 900 нафар табобати наҷотбахшро шурӯъ кардаанд. Барои ҳалли омилҳои асосие, ки боиси сирояти ВНМО ва садди роҳи ҷалбсозии шахсони бо ВНМО сироятёфта ва аҳолии калидӣ ба барномаҳои самараноки пешгирӣ ва табобат мегарданд, USAID фаъолиятҳои лоиҳаҳои худро асосан ба шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд, ки дар онҳо сатҳи баландтарини сироятёбӣ ба беморӣ ба қайд гирифта шудааст, равона кардааст.
Зимни суханронии худ сафир Поммершайм қайд намуд: «Мо бояд дар бораи одамони осебпазире, ки дар атрофи мо ҳастанд ва ба ғамхорӣ ва дастгирии мо ниёзманд мебошанд, аз ҷумла шахсони мубталои ВНМО ва шахсони зери хатари баланди сироятёбӣ қарордошта, фаромӯш накунем. Бо онҳо ба алоқа баромадан ва кӯмак намудан ба онҳо барои огоҳ шуданашон аз гирифтории худ ба ВНМО, таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои марбут ба ВНМО ва зиндагии шоистаи бидуни доғдорсозӣ ва табъиз хеле муҳим аст.»
Бори аввал дар Тоҷикистон USAID усулҳои инноватсионӣ, ба монанди санҷиши фаврии ВНМО ба воситаи молишаки милк, барномаи ҳамроҳии иҷтимоӣ, ки аз ҷониби ташкилотҳои ғайридавлатӣ анҷом дода мешаванд, ва инчунин худсанҷишгузаронии ВНМО-ро ҷорӣ намудааст. Дар натиҷа, беш аз 2 800 нафари осебпазир маҷмӯаҳои худсанҷишгузаронии ВНМО-ро дастрас кардаанд; 2 250 нафари онҳо дар бораи натиҷаҳои худ гузориш додаанд ва 60 нафар бори аввал дар бораи гирифтори ВНМО будани худ огоҳ шудаанд.
Дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон Ҳукумати ИМА дар самти татбиқи Барномаи миллӣ оид ба мубориза бо ВНМО/БПНМ кор мебарад. Тавре ки сафир Поммершайм дар суханронии худ изҳор доштанд: «Мо тақвиятбахшии имконоти соҳаи тандурустиро барои вокуниш ба як қатор таҳдидҳо ба саломатии ҷомеа, аз ҷумла ВНМО, сил ва COVID-19 идома хоҳем дод. Мо ин мушкилотро якҷоя паси сар хоҳем кард ва ояндаи дурахшони Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳем намуд.»
###
USAID – як созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, рушди устуворро тақвият мебахшад. Маълумоти муффасал дар сомонаи: https://www.usaid.gov/central-asia-regional ва сафҳаи USAID дар Facebook: https://www.facebook.com