Душанбе, Тоҷикистон, 7-уми августи соли 2020 – Сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм дар маросими ифтитоҳи толори таҷдидшудаи маҷлисгоҳи Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва супоридани тантанавии экскаватор барои Шӯрои хурди ҳавзаи дарёи Исфана дар ноҳияи Ҷаббор-Расулови Вилояти Суғд, ки ҳарду аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) бо арзиши 125,000 доллари ИМА дастгирӣ шудаанд, ширкат варзид.
Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида тавассути лоиҳаи Smart Waters (Об, Таълим ва Ҳамкорӣ), ки аз тарафи USAID маблағгузорӣ карда мешавад, ҳамкории фаромарзии дарёҳои байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва Қирғизистонро тариқи ба роҳ мондани шарикӣ байни ҷонибҳои манфиатдор дар идоракунии об, бахусус дар ҳавзаи дарёи Исфана дастгирӣ менамояд.
Лоиҳаи Smart Waters, ки аз ҷониби Маркази Минтақавии Экологии Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад, ба ташкили Шӯроҳои Ҳавзаи Хурд (ШҲХ) дар ҳарду тарафи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон мусоидат мекунад. Якҷоя, ин ШҲХ-ҳо нақшаҳои муштараки фаромарзиро барои рушди устувори ҳавзаҳои оби худ таҳия менамоянд. ШҲХ-ҳо ҳамкориҳоро байни ҳукуматҳои миллӣ ва маҳаллӣ, ҷамоатҳои маҳаллӣ, истифодабарандагони об, деҳқонон, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва гурӯҳҳои дигари манфиатдор густариш медиҳанд. Барои дастгирии минбаъдаи ҳамкориҳои фаромарзӣ, USAID тавассути лоиҳаи Smart Waters як адад экскаваторро барои тоза намудани канал ба ШҲХ-и дарёи Исфана, пас аз он ки аъзоёни Шӯро тоза кардани канали обёриро ҳамчун амали афзалиятноки дарё муайян карданд, тӯҳфа намуд.
Дар баромади худ сафир Поммершайм қайд намуд: “Идоракунии захираҳои муштараки обу энергетика эҳтимолан барои кишварҳои Осиёи Марказӣ аз муҳимтарин масъалаҳои стратегӣ бошад. Энергетика ва об метавонад манбаи муноқиша ва ё, дар сурати ҳамкории самарабахш, манбаи рушди иқтисодӣ ва субот гардад”.
Лоиҳаи Smart Waters шарикии байни ҷонибҳои манфиатдори идоракунии обро ҷиҳати пешбурди ҳамкорӣ дар идоракунии дарёҳои фаромарзӣ ва дастгирии ислоҳоти соҳаи обёрӣ дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Афғонистон тақвият медиҳад. USAID пешрафти соҳаи оби Тоҷикистонро на танҳо дар сатҳи миллӣ тавассути ислоҳоти соҳаи обёрӣ, балки инчунин дар сатҳи маҳаллӣ тавассути дастгирии Ассотсиатсияи Истифодабарандагони об бо мақсади ҳифзи оби обёрӣ дастгирӣ мекунад.
###
USAID созмони аввалиндараҷаи ҷаҳонии рушди байналмилалӣ буда, дар расидан ба натиҷаҳои рушд мусоидат менамояд. Фаъолияти USAID ба пешбурди амнияти миллии ИМА ва шукуфоии иқтисодии он равона карда шудааст, саховатмандии Амрикоро нишон медиҳад ва ба рушди худбоварӣ ва устувории кишварҳои манфиатбар саҳм мегузорад.
Маълумоти муффасал дар сомонаи: https://www.usaid.gov/central-asia-regional ва сафҳаи USAID дар Facebook: https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia