Душанбе, Тоҷикистон, 22-юми июли соли 2020 – Гурӯҳи ҳарбии ИМА оид ба корҳои шаҳрвандӣ ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар мубориза бо бемории ҳамагири COVID-19 ба маблағи 50,000 доллари ИМА кӯмак расонидааст, ки он санаи 22-июли соли ҷорӣ дар Душанбе ба Кумита дастрас гардид.
Кӯмак дар шакли воситаҳои муҳофизати шахсӣ ва безараргардонӣ пешниҳод шудааст, ки он аз 50 либосҳои муҳофизатӣ, 100 ниқобҳои нафаскашӣ, 100 маҷмӯаи айнак, се тонна хокаи хлор, 10 дорупошакҳои сайёр ва дигар маводҳои безараргардонӣ иборат мебошад.
Гурӯҳи ҳарбӣ оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ талаботу ниёзи кишварро муайян карданд ва чораҳои ҷавобиро андешида, ҳамоҳанг намуданд. “Ин кӯмак ба коргарони қатори пеш ёрдам мерасонад,токи худ ва аҳолии худро аз COVID-19 муҳофизат кунанд ва ин як намунаи он аст, ки чӣ тавр мардуми Амрико ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди таҳдиди ҷаҳонӣ якҷоя кор мекунанд. Мо дар якҷоягӣ аз ӯҳдаи ин мушкилӣ мебароем ”гуфт сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм.
Моҳи май, созмони ғайриҳукуматии “Spirit of America”ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 15 адад дорупошакҳои моторӣ барои мубориза бо COVID-19 ва 200 кг маводи сафеди шустагар тӯҳфа кард.
То ба имрӯз, ҳукумати ИМА ва мардуми Амрико ба Тоҷикистон дар самти дастгирии мубориза бо COVID-19 беш аз 5 миллион доллар кӯмак пешниҳод кардаанд. Ин маблағҳо дар рушди самтҳои зерин мусоидат мекунанд:
- Такмил додани система ва амалиётҳои лабораторӣ, ки усулҳои озмоиши COVID-19-ро осон мекунанд;
- Ташкили тренингҳо барои кормандони соҳаи тиб;
- Пешниҳоди кӯмаки техникӣ барои санҷиш дар нуқтаҳои даромадгоҳ;
- Баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи сироят бо иштироки ҷомеа;
- Амалисозии назорат ва протоколи клиникӣ;
- Фароҳам овардани имкониятҳои кор барои коргарони муҳоҷир;
- Пешниҳоди дастгирии ғизоӣ барои табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ.
Ин дастгирӣ ба кӯмаки умумии ИМА, ки дар давоми 20 соли охир зиёда аз 1 миллиард доллари амрикоиро ташкил медихад, зам намуд, ки тақрибан 125 миллион доллари он ба рушди соҳаи тандурустӣ рост меояд.