Душанбе, Тоҷикистон, 27 майи соли 2020 – Ҳукумати ИМА тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) 2 миллион доллари ИМА-ро барои ҳифзи муҳоҷирон дар Осиёи Миёна дар ҳолати пандемияи COVID-19 чудо менамояд. Ин дастгирӣ дар доираи лоиҳаи амалкунандаи “Муҳоҷирати бехатар дар Осиёи Миёна”, ки аз ҷониби “USAID” маблағгузори карда шуда, аз ҷониби Winrock International амалӣ мегардад, расонида мешавад.
Пандемияи CОVID-19 боиси оғози бӯҳрони гуманитарӣ ва молиявӣ барои миллионҳо муҳоҷирони меҳнатӣ дар Осиёи Миёна, ки бисере аз онҳо дар транзит ва кишварҳои таъинот дар саросари кишварҳои Осиёи Миёна азият мекашанд оварда расонид.
Аз даст додани кор ва имкони интиқоли маблағ бисёр оилаҳоро бе захираҳои кофӣ ва воситаҳои ҳимояти ҳуқуқӣ мондаанд. Муҳоҷирон низ дар бораи чӣ гуна худро аз вирус муҳофизат кардан ва захираҳои ба он алоқаманд маълумот надоранд.
Дар доираи лоиҳаи “Муҳоҷирати бехатар дар Осиёи Миёна” USAID ёрии зарурӣ, аз ҷумлаи захираҳои иттилоотӣ; дастурҳо ба хизматрасониҳо; дастгирии сарчашмаҳои алтернативии рӯзгузаронӣ; омўзиши малакаҳое, ки ба муҳоҷирон дар ҳалли ин ҳолати душвор кӯмак мерасонанд, пешниход менамояд. Лоиҳа инчунин ҳуқуқҳои муҳоҷиронро тавассути дастрасӣ ба дастгирии ҳуқуқӣ ва равонӣ ҳимоя мекунад.
Лоиҳаи «Муҳоҷирати бехатар дар Осиёи Миёна» ба панҷ ҷумҳурии Осиёи Миёна тавассути амалияҳои ба далелҳо асосёфта ва муносибатҳои фаромарзӣ барои баланд бардоштани масъулияти муштарак ва баланд бардоштани самаранокии ҳукуматҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ дар пешгирии хариду фурӯши одамон, ҳимояи қурбониён ва муҳоҷирати бехатар мусоидат мекунад..
USAID барои арзёбии мушкилоти муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо дар саросари Осиё, ки дар давраи пандемияи COVID-19 бадтар шуда истодааст, кор мебарад. Муҳоҷирон метавонанд аз сиёсатҳое, ки барои ҳифзи аҳолии умум нигаронида шудааст, таъсири манфӣ гиранд, ба дастрасии маҳдуд ба чораҳои дастгирӣ дучор шаванд инчунин маҷбур шаванд, ки танҳо ба захираҳои табиии тамомшаванда такя намоянд. Ба монанди Осиёи Миёна сармоягузорӣ дар тамоми минтақа бо максади паст кардани осебпазирӣ ва таҳкими система барои ҳама амалӣ карда мешавад.
###
USAID – як созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, рушди устуворро тақвият мебахшад. Фаъолияти USAID ба пешбурди амнияти миллии ИМА ва шукуфоии иқтисодии он равона шудааст, либерализатсияи Амрикоро нишон медиҳад ва ба рушди худбоварӣ ва устувории кишварҳои манфиатбар саҳм мегузорад. Маълумоти муффасал дар сомонаи: https://www.usaid.gov/central-asia-regional ва сафҳаи USAID дар Facebook: https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia