Кохи сафед
Идораи Котиби матбуотӣ
Барои нашри фаврӣ
5 майи соли 2019
Ман ба ҳамаи мусулмононе, ки моҳи шарифи Рамазонро риоят мекунанд, беҳтарин ва самимитарин табрикоти худро ирсол мекунам.
Рамазон аз замони нузули Қуръони шариф ба Паёмбар Муҳаммад (с) таҷлил мешавад. Баробари мушоҳидаи тулӯъи моҳи нав, хонаводаҳо ва ҷамоатҳои мусулмон ин ваҳйи илоҳиро бо оғози моҳи бозтоби замиру ботин, таҷдиди рӯҳу эътиқод ва намозу ибодат қадрдонӣ мекунанд.
Давоми моҳи Рамазон, мусулмонон аз субҳи содиқ то ғуруби шом рӯза гирифта, Қуръони шарифро қироат мекунанд ва нисбати дигарон аъмоли неку хайрхоҳона анҷом медиҳанд. Бо иҷрои ин амалҳо онҳо ба ҳадафи камолоти рӯҳии худ бо диди тозае нигариста, ҳисси шукру сипосгузории онҳо аз файзу раҳмати Худованди карим қавитару устувортар мегардад.
Дар давоми ин моҳ, мо имконият дорем, ки дар бораи файзу неъматҳое, ки ба мо ато гаштааст, мулоҳиза намоем ва дар якҷоягӣ бо ҳамдигар бештару хубтар ҳамкорӣ кунем. Бо рӯҳияи моҳи мубораки Рамазон мо якҷоя метавонем ҷомеаи бештар ҳамоҳангшуда ва соҳибэҳтиромро бунёд намоем.
Меланиа ба табрикот ва ирсоли орзуҳои беҳтарини мо ба мусулмонони Иёлоти Муттаҳида ва саросари ҷаҳон ба муносибати таҷлили ин моҳи муборак ҳамроҳ мешавад.