Душанбе, Тоҷикистон, 5-уми майи соли 2021 – Намояндаи махсуси ИМА оид ба мусолиҳа дар Афғонистон сафир Залмай Халилзод як ҳайати амрикоиро дар Тоҷикистон роҳбарӣ кард, ки аз 3 то 5 май бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Саймумин Ятимов мулоқот кард.
Дар ҷараёни мулоқот, Намояндаи махсус Халилзод ба мақомоти Тоҷикистон барои дастгирӣ аз раванди сулҳи Афғонистон ташаккур гуфт. Намояндаи махсус Халилзод қайд намуд: “Мо дастгирии дипломатии худро ба раванди сулҳ идома дода, ҳамаи ҷонибҳои манфиатдори минтақавӣ ва байналмилалиро даъват менамоем, ки диққати худро ба кӯмак ба афғонҳо дар таъмини ҳалли сиёсӣ ва оташбаси доимӣ ва ҳамаҷониба равона кунанд.” Сафир Халилзод инчунин таъкид кард, ки пешрафт дар раванди сулҳ ба тезонидани рушди иқтисодиёти минтақа мусоидат хоҳад кард ва гуфт: “Сулҳи пойдор дар Афғонистон ба рушди иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ кумак мекунад, зеро имкониятҳо барои ҳамгироии тиҷорӣ ва иқтисодӣ зиёд мешаванд. Иёлоти Муттаҳида, барои ноил шудан ба ин натиҷа, ба Афғонистон ва Тоҷикистон кумаки назаррасро дар самти амният ва рушд идома медиҳад, ва мо ҳадафи муштарак дорем.”