Душанбе, Тоҷикистон, 25-уми майи соли 2021 – Агентии ИМА оид бар рушди байналмилалӣ (USAID) дар шаҳри Бохтар форуми тиҷоратӣ ва намоишгоҳи «Бохтарфуд-2021»-ро баргузор намуд. Ин рӯйдоди байналмилалӣ барои рушди савдои минтақавӣ ва робитаҳои тиҷоратӣ дар саросари Осиёи Марказӣ ва фаротар аз он мусоидат мекунад.
«Бохтарфуд-2021», ки бо мизбонии муштараки ҳокимияти иҷроияи вилояти Хатлон, Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон ва лоиҳаи USAID оид ба рақобатпазирӣ, тиҷорат ва эҷоди ҷойҳои кор баргузор шуд, беш аз 200 истеҳсолкунандаи меваю сабзавот ва харидорон аз Афғонистон, Қазоқистон, Покистон ва Узбекистонро барои мусоидат ба содироти маҳсулот аз Тоҷикистон гирди ҳам овард.
Дар суханронии пазироии худ иҷрокунандаи вазифаи директори Намояндагии USAID дар Тоҷикистон Кит Симмонс хотирнишон кард: “Бо расонидани кумак ба рақобатпазирии ширкатҳо дар сатҳи минтақавӣ, USAID ба рушди бахши хусусии гуногуншаклу рақобатпазир ва дастёбӣ ба густариш тариқи содирот, мусоидат мекунад. Беҳбудсозии тиҷорати минтақавӣ рушди иқтисодиро густариш медиҳад, робитаҳои наздимарзиро тақвият мебахшад ва дар ниҳоят боиси суботи бештар дар минтақа мегардад”.
Барномаи «Бохтарфуд-2021» ҷаласаҳоро дар мавзӯи равандҳои охир дар рушди бахши меваю сабзавот, тиҷорати фаромарзӣ, дастрасӣ ба бозор, пешбурди содирот ва таъмини мутобиқат ба стандартҳо ва талаботи бозорҳои содиротӣ, дар бар гирифт. Он ҳамчунин имкониятро барои шомили ярмаркаи савдо гардидан, ҳамоишҳо миёни истеҳсолкунандагони мева ва сабзавоти вилояти Хатлону харидорони байналмилалӣ ва боздидҳо аз истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии маҳаллӣ, фароҳам овард.
Бо вуҷуди қатъ гардидани тиҷорат ба сабаби пандемияи COVID-19, содиркунандагони тоҷик, ки аз кумаки USAID истифода мекунанд, фуруши худро 40 дар сад афзоиш доданд. Дар тайи соли гузашта, кумакҳои USAID барои ба имзо расидани қарордодҳои содиротӣ ба арзиши 182 770 доллари ИМА ва ёддоштҳо дар бораи нияти кор ба арзиши беш аз 1 миллион доллари ИМА мусоидат намуданд.
Кишоварзӣ калонтарин бахши иқтисоди Тоҷикистон аст. Он 22,6 фоиз ММД-и кишварро ташкил намуда, шуғли 45.6 дар сади неруи кории Тоҷикистонро фароҳам меоварад. Барои рушди тиҷорати кишоварзӣ, USAID ба ассотсиатсияҳои кишоварзӣ, кооперативҳо, интеграторҳои бозор ва ҳамчунин корхонаҳои хурду миёна, тибқи дархости онҳо, барои истифодаи имкониятҳои бозори дохилӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, кӯмак мерасонад.
###
USAID – як созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, рушди устуворро тақвият мебахшад. Маълумоти муффасал дар сомонаи: https://www.usaid.gov/central-asia-regional ва саҳифаи USAID дар Facebook: https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia