Душанбе, Тоҷикистон, 15-уми майи соли 2019 – Дар маросими тантанавӣ бо иштироки Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ба Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти назорати ҳуҷҷатҳо дар сарҳад ва санамӯҳрҳоро тақдим намуд. Таҷҳизоти тақдимгардида ба маблағи 100,000 доллари амрикоӣ арзёбӣ шуда, қисме аз лоиҳаи арзишаш 500,000 доллари амрикоӣ мебошад, ки баҳри тақвият додани ҳамкориҳои минтақавӣ байни мақомоти сарҳадии Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон равона карда шудааст. Илова бар дастгирии техникӣ, ҳадафи лоиҳаи мазкур ин беҳбуд намудани инфрасохтор ва ташаккули иқтидори Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон мебошад. Моҳи ҷорӣ Сафорати Амрико 300 000 доллари ИМА – ро барои бо таҷҳизоти коммуникатсионӣ ва нақлиётӣ таъмин намудани қушунҳои сарҳадӣ, ки дар назорати сарҳад ба онҳо кӯмак мерасонад, ҷудо менамояд.
Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистонро бо 25-умин солгарди фаъолияташон, ки моҳи ҷорӣ ҷашн гирифта хоҳад шуд, табрик менамояд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути ҳамкории мудавом бо Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар шарикони амниятӣ дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пойдории истиқлолият ва амнияти давлатии ин кишвар давом хоҳад дод. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи беш аз 1.8 миллиард доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.