Таҳвили таҷҳизоти техникӣ аз ҷониби USAID барои ташхис ва табобати бемории сил дар Тоҷикистон

Душанбе, Тоҷикистон, 27-уми апрели соли 2021 – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар доираи “Лоиҳа оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ” бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил ва пешрафти талошҳои муштараки дуҷониба бо мақсади барҳам додани бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти техникиро ҷиҳати дарёфти ҳолатҳои бемории сил ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаи тиббии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.

Таҷҳизоти мазкур аз телефонҳои хушманд ва планшетҳо барои зуд дарёфт ва табобат кардани ҳолатҳои бемории сил, дастгоҳ барои гузаронидани видео-конфронсҳо ва таҷҳизот барои назорати микроиқлим иборат буда, аз ҷониби кормандони саҳроӣ ва ҳайати кормандони шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ истифода бурда мешаванд. Таҷҳизоти мазкур дарёфти ҳолатҳои бемории силро беҳтар намуда, риояи реҷаи табобатро тақвият мебахшад ва донишу малакаи кормандони тиб дар соҳаи мубориза бо сил вусъат хоҳад дод, ки махсус барои кормандони тиббии ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ хеле муфид мебошад. Таҷҳизот барои видео-конфронсҳо ҷиҳати омӯзонидани ҳайати силшиносони муассисаҳои ислоҳотӣ, инчунин барои таъмини дастрасӣ ба видео-конфронсҳо бо силшиносони дигар ҷиҳати арзёбии беморон ва таъини реҷаи табобат ҳангоми дар маҳбас будани онҳо истифода бурда мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 30 кишваре қарор дорад, ки аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамчун дорои ҳолатҳои вазнини бемории сили ба доруворӣ устувор ва бемории сили ба дорувориҳои сершумор устувор муайян гардидааст. Дар Тоҷикистон 7700 ҳолати бемории сил тахмин шудааст, ки дар натиҷа солона ба тақрибан 730 ҳолати фавт аз бемории сил мерасонад.

Дар чорабинии мазкур намояндагони USAID Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, намояндагони Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза баз зидди бемории сил, ВНМО ва малерия ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Дар баромади худ директори намояндагии USAID дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Кит Симмонс иброз намуд: “Кумак ва ҳамкории мо кафолат медиҳад, ки мардум табобати дуруст дар вақти муносиб бигирад. USAID тақвияти соҳаи тандурустиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ менамояд ва мо якҷоя ояндаи дурахшонро бунёд хоҳем кард”.

Бо талошҳои муштараки Ҳукумати ИМА ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти коҳиш додани сатҳи беморӣ ва фавт аз бемории сил ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. USAID тавассути тақвият баҳшидани иқтидори миллӣ ва минтақавӣ дар коҳиш додани вазнинии бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ҷиҳати беҳтар намудани дарёфт ва табобати бемории сили ба дорувориҳои сершумор устувор кор мекунад.

USAID – Агентии пешқадами рушди байналмилалӣ дар ҷаҳон ва катализатори натиҷаҳои рушд мебошад. Барои ба даст овардани маълумоти бештар ба веб сайти USAID/Осиёи Марказӣ ва USAID/Тоҷикистон: https://www.usaid.gov/central-asia-regional, https://www.usaid.gov/tajikistan ва саҳифаи Facebook: https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia ташриф биёред.