Душанбе, 4-уми марти соли 2020 – Лоиҳаи Central Asia Design Hub (Маркази Осиёи Марказии тарроҳии Бишкек) бо ширкати Viacom International Studios (VIS) барои пахш нумудани филмҳои тасвирии ширкати Никелодеон дар Осиёи Марказӣ қарордоди дистрибюториро ба имзо расонид. Якчанд барномаҳои маъруфи амрикоӣ, аз ҷумла Дораи Сайёҳ, Шиммер ва Шайн, Тими Умизуми ва дигар силсилафилмҳои тасвирӣ, бо кӯмаки техникии Сафорати ИМА, ба панҷ забони давлатҳои Осиёи Марказӣ мутобиқ карда мешаванд.
Ин созишномаи нав бо Viacom International Studios беҳтарин контенти томактабӣ ва аниматсиониро ба ширкатҳои телевизионии давлатӣ ва хусусӣ дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дастрас мегардонад. Ин ҳамкорӣ ба шабакаҳои телевизионӣ на танҳо дар зиёд кардани контент бо забони давлатӣ кӯмак мерасонад, балки ҳаёти оилаҳои саросари Осиёи Марказиро бо барномасозии таълимӣ бой мегардонад.
“Ин намоишҳо фароғатӣ ва таълимӣ мебошанд. Лоиҳаи мазкур ҳадафҳои Ҳукумати ИМА-ро дар самти пешбурди таълим ва таҳсил дар ҳама сатҳҳо ва нишон додани намуна барои рушди чунин барномаҳо дар Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад. Илова ба дастгирии дубляж ва паҳн кардани ин барномаҳои телевизионӣ, Сафорати ИМА инчунин кумаки соҳаи маорифро тавассути таҳияи китобҳои дарсӣ, маъракаҳои хониш, омӯзиши муаллимон, барномаҳои забони англисӣ, барномаҳои мубодила, стипендия ва курсҳои ройгон дар ҳашт Маркази амрикоӣ дар Тоҷикистон идома медиҳад. Дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ, мо барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон кор карда истодаем”, гуфт Кордори муваққатии сафорати Амрико дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Гинкел.
Аз оғози фаолият, аз соли 2019, Central Asia Design Hub контенти ба таври расмӣ иҷозатдодашударо барои ғанӣ гардонидани бозорҳои маҳаллии расонаҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод мекунад, таълими касбии бахши ВАО-ро таъмин мекунад ва рушди контенти аслиро бо забонҳои давлатии Осиёи Марказӣ дастгирӣ мекунад.
Маълумот барои тамос: Central Design Hub | DesignHub.CA@irex.org