Иёлоти Муттаҳида барои пешрафт ва дастгирии ҳуқуқи инсон дар саросари ҷаҳон кор мекунад. Гузориши солонаи мо оид ба ҳуқуқи инсон вазъи ҳуқуқи инсонро дар ҳар як кишвар арзёбӣ мекунад ва он метавонад дастуре барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҳомиёни ҳуқуқ дар ҳама ҷо, барои ҳамкорӣ дар пешбурди озодиҳои асосӣ ва волоияти қонун, бошад.
Дар тӯли 29 соли охир Иёлоти Муттаҳида бо Тоҷикистон дар самти такмили идоракунии маҳаллӣ ва низомҳои демократӣ кор кардааст. Мо лоиҳаҳоеро дастгирӣ намудем, ки дар баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии ҷомеа мусоидат намуданд ва барои ҳомиён, судяҳо ва прокурорҳо ва фаъолону рӯзноманигорони шинохта, ки роҳи ҳифзи ҳуқуқи инсонро пеш мебаранд, дарсҳои омӯзиширо фароҳам оварданд.
Аз замони қабули Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон дар соли 1948, дар тамоми ҷаҳон дар соҳаи тавсеаи ҳимояи ҳуқуқи инсон дастовардҳои бешумор ба даст оварда шуданд. Инчунин нокомиҳои ҷиддӣ низ ҷой доштанд. Дар бисёр кишварҳо маҳбусони виҷдон, ҳабсҳои худсарона, мурофиаҳои ноодилона, шиканҷа, гурӯҳҳое, ки бо табъиз дучор меоянд, маҳдудиятҳои озодии сухан ва системаҳои сиёсие, ки ба намояндагии воқеии демократӣ монеа мешаванд, боқӣ мондаанд.
Чӣ тавре ки Вазири умури хориҷии Амрико Энтони Блинкен ба наздикӣ қайд кард, Иёлоти Муттаҳида ба нокомилии худ муқобилат мекунад. Мо хато мекунем ва гоҳ-гоҳ қадаме ба қафо мегузорем. Аммо дар тӯли таърихи худ, мо ба ҷои инкори душвориҳо, бо онҳо ошкоро рӯ ба рӯ мешавем. Мо доимо дар ҳамоҳангӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тавассути раванди демократӣ ҳалли мушкилоти худро меҷӯем. Иёлоти Муттаҳида ҷустуҷӯи роҳи ҳалли ин мушкилотро дар дохили кишвар идома медиҳад ва садоқати хешро ба шарикон дар тамоми ҷаҳон, барои кӯмак дар ин мубориза, изҳор менамояд.
Ҳисоботи солонаи мазкур имкон медиҳад, ки дар ин мавзӯъ муколама барқарор карда, соҳаҳоеро муайян намоем, ки дар якҷоягӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои умумиинсонии худ ҳамкорӣ кунем. Дар якҷоягӣ мо метавонем барои худ ва фарзандонамон як ҷомеаи беҳтар созем.