Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Озмуни қироати шеърро таҳти унвони “ПаёмPoetry” эълон мекунад.

Душанбе, Тоҷикистон, 27 марти соли 2021 – Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳашт Маркази амрикоӣ дар Тоҷикистон озмуни қироати шеърро таҳти унвони “ПаёмPoetry” эълон мекунанд. Ин озмун ба 30-умин солгарди муносибатҳои дипломатии ИМА ва Тоҷикистон, Рӯзи забони англисӣ дар СММ ва Моҳи миллии шеър бахшида шудааст. Ҳар як нафаре, ки мехоҳад малака ва қобилияти қирояти шеърро ба забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ бисанҷад, метавонад тавассути нашри навори худ дар инстаграм дар ин озмун иштирок кунад. Озмун ба таври маҷозӣ (вертуалӣ) тӯли як моҳ, аз 27-ум то 18-уми апрели соли 2021 гузаронида мешавад. Ба ғолибони беҳтарин қироати шеър ба забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ Kindles (ҷиҳози электронӣ барои китобхонӣ) тақдим карда мешаванд.

Озмуни мазкурро онлайн дар Инстаграм пайгирӣ кунед.

Қоидаҳо:

  • Ҳар як иштирокчӣ бояд навори худро (то як дақиқа ва ё камтар аз он) бо қироати шеър ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ омода карда, онро дар саҳифаи инстаграми худ бо истифода аз хештег #USTJ30 ва қайди наздиктарин Маркази амрикоӣ нашр кунад. (@americanspacedushanbe; @americanspacekhujand; @americanspacepanjakent; @americanspaceisfara; @americanspacekulob; @americanspacebokhtar; @americanspacegharm; @americanspacekhorugh)
  • Шеър бояд аз ашъори адабиёти классик ё муосири тоҷик ё англис ва ё аз эҷодиёти худ бошад.
  • Ҳар як иштирокчӣ метавонад аз як то се шеърро бо сабки дилхоҳ пешниҳод кунад.
  • Муҳлати пешниҳоди навор нимашаб, 18-уми апрели соли ҷорӣ муқаррар шудааст.
  • Синну соли иштирокчиён бемаҳдуд аст.

Меъёри интихоби навор бо қироати беҳтарин:

  • Қироати ифоданок (шифоӣ ё забони ишора)
  • Эҷодкорӣ
  • Зебогии навор (дар муҳити зебо, сифати баланди банаворгирӣ)
  • Сифати техникӣ

Аъзоёни ҳакамон аз миёни наворҳои нашршуда, дар асоси меъёрҳои зикргардида, ду ғолибро интихоб мекунанд- як навор бо қироати забони тоҷиқӣ ва дигараш бо забони англисӣ.  Ғолибон дар Рӯзи забони англисӣ дар СММ, ки 23-уми апрел таҷлил мегардад, маҷозӣ (вертуалӣ) эълон гардида, сазовори ҷоиза (Киндл) мегарданд.

Аъзоёни ҳакамон аз нафарони зерин иборатанд –  Дэррен Тис, Сухангӯи Сафорати ИМА,

Орзу Исо, Шоира Раҳимҷон ва Аниса Собирӣ.

  • 27-ум то 18-уми апрел – оғози озмун. Нашри наворҳои дар инстаграм.
  • 19-ум – 22-уми апрел- интихоби ду ғолиб аз ҷониби аъзоёни ҳакамон
  • 23 апрели соли ҷорӣ – Эълони ғолибон ба таври вертуалӣ дар саҳифаи Инстаграми Маркази амрикоӣ дар шаҳри Душанбе ҳангоми ҷашни Рузи байналмилалии забони англисӣ дар СММ.