Изҳороти муштарак пас аз мулоқоти сеҷонибаи ИМА, Тоҷикистон ва Афғонистон

Намояндагони ҳукуматҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 17 март тавассути видеоконферонс ҷамъ омада, масъалаҳои дорои аҳамияти тарафайн, аз ҷумла гуфтушунидҳои сулҳ дар Афғонистон ва амнияти минтақавиро баррасӣ карданд. Ҳамраисии мулоқотро муовини котиби давлатии ИМА оид ба масъалаҳои сиёсӣ Дэвид Ҳейл, вазири корҳои хориҷии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба зимма доштанд.

Иштирокчиён садоқати муштараки худро баҳри шарикию ҳамкорӣ ҷиҳати мусоидат ба ободӣ, пойдории амният ва сулҳ дар Афғонистону Тоҷикистон, инчунин шукуфоӣ дар тамоми Осиёи Марказӣ тасдиқ карданд. Иштирокчиён:

  • Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи ҷаҳониро даъват намуданд, ки музокироти сулҳро таҳти роҳбарии Афғонистон ва аз тарафи худи Афғонистон, баҳри бунёди Афғонистони муттаҳид, соҳибихтиёр, устувор, демократӣ, ором, фарогир ва мустақил, дастгирӣ кунанд; то ки дар муросо бо худ ва ҳамсоягони худ бошад;
  • Барои тарғибу ташвиқи ҳифзи дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва рушд дар ду даҳсолаи охир баромад намуда, ният доранд, ки аз дастовардҳо барои ҳимояи ҳуқуқи инсон, бахусус ҳуқуқи занон, истифода баранд;
  • Аз афзоиши зӯроварӣ ва куштори мақсаднок изҳори нигаронӣ карда, зарурати фаврии коҳиш додани хушунатро, ки боиси оташбас хоҳад шуд, таъкид намуданд;
  • Барои ҳамкории зичтари сеҷониба дар соҳаҳои амният, сиёсат, муносибатҳои инсонӣ, энергетика ва иқтисод талош хоҳанд кард;
  • Нияти тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ, мубодилаи иттилоот ва амнияти сарҳад, инчунин ҳамоҳангсозӣ дар мубориза бо таҳдидҳои террористӣ, доранд;
  • Таҳияи нақшаи такмили талошҳои муштарак дар мубориза бо таҳдидҳои фаромарзӣ ва ҳалли масъалаҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва интиқоли маводи ғайриқонунӣ, аз ҷумла тавассути таҳкими ҳамкориҳои мақомоти Тоҷикистон ва Афғонистон дар гузаргоҳҳои марзӣ, дар назар доранд;
  • Эътироф гардид, ки Иёлоти Муттаҳида ният дорад минбаъд низ дар таҳкими иқтидори нерӯҳои амнияти марзӣ ва мубориза бо маводи мухаддири ду кишвар кумак расонад. Иёлоти Муттаҳида инчунин ният дорад дар соҳаи идоракунии хавфҳо барои Афғонистон ва Тоҷикистон дарсҳои омӯзишӣ ташкил намоянд ва кӯмаки техникӣ расонад.
  • Таҳия намудани нақшаи васеъ гардондани дастрасӣ ба мубодилаи фарҳангӣ ва маърифатӣ ва дастгирии талошҳои созмони шабакаро дар назар доранд;
  • Дастгирии такмили дониши англисӣ барои беҳтар намудани дастрасӣ ба манбаъҳои иттилоотии англисизабон, муқовимат ба иттилооти ғайримаҷоз ва фароҳам овардани имкониятҳои бештари иқтисодӣ дар саросари минтақа ва байналмилалиро изҳор намуданд;
  • Кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки иштироки худро дар барномаҳои ҳакорӣ байни одамон, ба монанди Шӯрои ҷавонони C5 + 1, ҷиҳати таҳкими робитаҳо байни халқҳои Афғонистон, Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида зиёд намоянд ва роҳбарони ояндаро ҳавасманд гардонанд, то барои ёфтани роҳҳои ҳалли мушкилоти умумӣ ҷамъ оянд;
  • Идомаи лоиҳаҳои минтақавии инфрасохтори энергетикӣ, ба монанди CASA-1000 (Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ) ва лоиҳаҳои интиқоли нерӯи барқро дастгирӣ мекунадн. Ин лоиҳаҳо бояд афзоиши пайвастшавӣ ба нерӯи барқ, ҳамкориҳои минтақавӣ, ба даст овардани даромад аз транзити энергияи тоза ва боэътимод ба Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказиро афзалият диҳанд;
  • Роҳҳои беҳтар намудани робитаҳо байни Афғонистон ва Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути бунёди хатсайрҳои нави нақлиётӣ, аз қабили роҳи оҳан ва такмил додани механизмҳои нақлиёти байналмилалӣ, аз ҷумла истифодаи истифодаи системаи TIR (Интиқоли байналмилалии нақлиётӣ) муҳокима хоҳанд кард;
  • Ба савдо тавассути дастгирии кӯшишҳо дар амалисозии созишномаҳои байналмилалӣ, ки монеаҳои ғайрифарифии коҳиш медиҳанд, ба монанди Созишномаи мусоидат ба савдои СУС, мусоидат хоҳанд кард;
  • Дар ҷустуҷӯи имкониятҳо барои тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ байни корхонаҳои Афғонистон ва Тоҷикистон, ки бозорҳои навро боз мекунанд ва ба ободии бештари ду тарафи марз мусоидат мекунанд, талош мекунанд;
  • Ният доранд дар барномаҳои ҳифзи муҳити зист, ки ба тағирёбии иқлим, ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ, инчунин ба сифати об ва ҳаво нигаронида шудаанд, иштирок кунанд; ва
  • Имкониятҳои ташкили Форуми сеҷонибаи тиҷоратӣ бо мақсади мусоидат ба шарикии бахши хусусии Тоҷикистон, Афғонистон ва ИМА-ро меомӯзанд.

Иштирокчиён таъкид карданд, ки ӯҳдадории худро барои идомаи ҳамкорӣ ва шарикии сеҷониба, аз ҷумла машваратҳои сатҳи баланди рӯ ба рӯ, агар шароити беҳдошти ҷамъиятӣ иҷозат диҳад, иҷро мекунан.