Душанбе, Тоҷикистон, 8 феврали соли 2021 – Сафорати Амрико қабули дархост аз ҷониби рӯзноманигорон аз Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ барои иштирок дар омӯзиши виртуалӣ дар Донишкадаи рӯзноманигорӣ дар Осиёи Марказӣ барои соли 2021 дар доираи Барномаи табодули журналистии Осиёи Марказиро эълон менамояд. Донишкадаи рӯзноманигорӣ дар Осиёи Марказӣ платформаи беназир барои табодули афкор байни рӯзноманигорон ва донишҷӯёни журналистика мебошад, ки барои ба даст овардани малакаҳои зарурӣ барои касби муваффақ дар журналистика ва ВАО имконият фароҳам меорад.
Донишкада барномаи таълимии интерактивиро барои рушди маҳорати иштирокчиён дар соҳаҳои монанди дата-журналистика, расонаҳои рақамӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, подкастинг ва достоннависӣ пешниҳод мекунад. Инчунин барнома дониши хабарнигоронро дар бораи ахлоқи рӯзноманигорон, санҷиши манбаъҳо ва ошкор кардани иттилооти дуруғ такмил хоҳад кард. Донишкадаи мазкур барои иштироки ҳамаи иштирокчиён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ кушода аст ва ҳадафи он рушди шабакаи байниминтақавии рӯзноманигорон ва ВАО-и мустақил дар Осиёи Марказӣ аст. Иштирокчиён дар давоми омӯзиш бо ҳамдигар ҳамкорӣ хоҳанд кард ва пас аз итмоми омӯзиш бо шабакаи васеи рӯзноманигорони минтақавӣ, аз ҷумла тавассути шабакаи GoViral, ҳамкориро идома хоҳанд дод.
Барнома аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА дастгирӣ шуда, аз ҷониби Маркази байналмилалии Меридиан дар Вашингтон, ИМА, амалӣ карда мешавад.
Донишкада барои соли 2021:
Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ довталабонро аз 29 март то 23 апрели соли 2021 дар шакли онлайн қабул менамояд. Қисмҳои таълимӣ аз мавзӯҳои саводнокии ВАО, дата-журналистика ва технологияҳои нави расонавиро дар бар мегирад. Омӯзиш бо забони русӣ баргузор мегардад. Иштирок дар барнома пурра ройгон аст. Танҳо он довталабоне, ки барои иштирок то ба охири барнома (дар давоми чор ҳафта) дар шакли онлайн омодаанд, баррасӣ мешаванд.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- Шаҳрванд ё сокини Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ё Ӯзбекистон;
- Аз 18 то 30 сола (дар санаи 29 марти соли 2021);
- Рӯзноманигор ё донишҷӯи бахши рӯзноманигорӣ.
Номзадҳои муваффақ бояд ба меъёри зерин ҷавобгӯ бошанд:
- Таҷриба ва ё омӯзиши мувофиқ дар ин самт;
- Малакаҳои роҳбарикунӣ ва ҳавасмандӣ барои рушди касбӣ, рӯҳияи мусбӣ ва ташаббускорӣ;
- Хоҳиши рушди шабакаи рӯзноманигорони мустақил ва васоити ахбори омма дар Осиёи Марказӣ;
- Донистани забони русӣ.
Чӣ гуна бояд дархостро пур кард?
Аризаи дархостро онлайн пур кунед. Дархост бояд аз ҳуҷҷатҳои зерин иборат бошад:
- Ду тавсиянома аз ҷониби роҳбари илмӣ ва ё касбӣ.
- Ду намунаи кори шумо, ки дар се (3) соли охир нашр шудаанд.
Аризаи онлайн тавассути ин сомона дарёфт мешавад: https://fs3.formsite.com/Meridian1630/2021institut/index.html
Дархостҳо то 19-уми феврали соли 2021 бо вақти Душанбе қабул карда мешаванд.
Маълумот оид ба қабули довталабон моҳи март эълон мешавад.
Барои саволҳо ба CASummerInstitute@meridian.org муроҷиат намоед.