USAID тариқи гузоштани аломатҳои роҳ ба мавзеҳои муҳими фарҳангӣ ва таърихӣ ба рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад

Душанбе, Тоҷикистон, 24-уми феврали соли 2020 – Имрӯз Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳида (USAID ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон насби аломатҳои роҳ, ки самтҳоро ба ҷойҳои фарҳангӣ ва таърихии Тоҷикистоно нишон медиҳанд, қайд мекунанд. Барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар, ба сайёҳон дар муайян намудани самти ҷойҳои тамошобоби табиӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ кӯмак кардан муҳим аст.

Лоиҳаи USAID оид ба рақобатпазирӣ, савдо ва таъсиси ҷойҳои кор дар Осиёи Марказӣ, тавассути насб намудани 21 аломати роҳ бо забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ дар водии Зарафшон, ҳамчун кӯмак ба сайёҳони минтақа ва саросари ҷаҳон дар муайян намудани самтҳо, мусоидат намуд.

Дар гузашта, набудани иттилооти рӯйизаминии мавзеҳои сайёҳӣ, масирҳои пиёдаравӣ ва хидматрасонии муштариён барои сафари мустақилона дар Панҷакент, монеа эҷод мекард. Илова бар ин, пас аз боз шудани гузаргоҳи марзӣ бо Ӯзбекистон, сайёҳӣ дар водии Зарафшон рӯ ба афзоиш ниҳод.  Меҳмонони мамлакат зарурати мавҷуд будани аломатҳоро барои нишон додани мавзеҳои сайёҳӣ, ҳадди ақал дар шоҳроҳҳои асосӣ, қайд намуданд.

Мудири USAID дар Тоҷикстон ҷаноби Пол Ричардсон дар суханронии худ чунин иброз кард:  «Имрӯз, мо  як рӯйдоди муҳими дигареро ҷашн мегирем, ки нишонгари рушди бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон мебошад.  Мо фурсати пешниҳодгардидаро барои пуштибонӣ аз сайёҳӣ дар ин кишвари зебо қадрдонӣ мекунем ва ба шумо барои ҳамкории судбахш миёни USAID ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос менамоем».

Аломатҳои роҳнамо намоёнии мавзеҳои сайёҳиро бештар карда, боиси гирифтани таасуроти хуби аз сафар хоҳанд гардид.  USAID барои тарроҳӣ, таҳия ва насби аломатҳо бо Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамкорӣ анҷом дод. Пасманзари фарқкунандаи қаҳваранг, мутобиқ ба стандардҳои байналмилалии аломатҳои сайёҳӣ, барои кумак ба сайёҳон дар пайдо намудани мавзеҳои ҷолиби фарҳангӣ ва таърихӣ, тарроҳӣ шудааст.

Аломатҳои тозанасбшударо метавон ба осонӣ дар шоҳроҳи байни Душанбе ва посгоҳи марзии Самарқанд мушоҳида кард. Ин ташаббус боиси боздиди тулонитари сайёҳон ва гирифтани таассуроти бештари мусбӣ аз сафар хоҳад гардид.  Сайёҳатгоҳҳои бо аломатҳои роҳ нишондодашуда вайронаҳои бостонии Саразм, Панҷакенти Суғдиён, Ҳафт кӯл ва Пойгоҳи сайёҳии Артуч – маркази куҳнавардӣ ва пиёдарав дар кӯҳҳои Фан, мебошанд.

####

Лоиҳаи USAID оид ба рақобатпазирӣ, савдо ва таъсиси ҷойҳои кор дар Осиёи Марказӣ, махсусан бо бюҷети 2,5 миллиона дар Тоҷикистон, ба рушди содирот, таҳсиси ҷойҳои кор дар соҳаи мевадорӣ ва сабзавоткорӣ, сайёҳӣ, ҳамлу нақл ва ҳалли масъалаҳои логистикӣ дар иқтисоди панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад,. Тавассути рушди рақобатпазирии ширкатҳои минтақа ва бартараф кардани монеаҳо дар савдо, USAID ба ташаккули бахши хусусии устувор ва рақобатпазир кӯмак мерасонад.


USAID –
 як созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, рушди устуворро тақвият мебахшад. Фаъолияти USAID ба пешбурди амнияти миллии ИМА ва шукуфоии иқтисодии он равона шудааст, либерализатсияи Амрикоро нишон медиҳад ва ба рушди худбоварӣ ва устувории кишварҳои манфиатбар саҳм мегузорад.  Маълумоти муффасал дар сомонаи: https://www.usaid.gov/central-asia-regional ва сафҳаи USAID дар Facebook:  https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia